Санаи 23 – юми феврали соли 2021 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, чорабинии идона бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Артиши миллӣ – ҳимоятгари марзу буми ватан” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ишти       роки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, намояндагони Чернобелчиёни ноҳияи Шоҳмансур, собиқадорони меҳнат, маъмурияти муассиса, донишҷӯён ва омӯзгорони кафедраҳои коллеҷи техникӣ баргузор гардид.

Муовини директор оид ба таълим Қиматбӣ Эльназар чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, иштирокчиёнро хайра мақдам намуда, қайд намуд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори ватандорӣ таҷлил менамоянд.

Аз фурсати хеле муносиб истифода намуда, тамоми афсарону хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва дар симои онҳо кулли ҳамватанони азизамонро ба ин Рӯзи таърихӣ, яъне таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоям.

Пас анҷоми суханронии муовини директор оид ба таълим Қиматби Эльназар сухани навбатӣ ба Саодатов Муҳаммадшоҳ – собиқадори меҳнат, дорандаи Ордери Шарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Қайд карда шуд, ки таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол ба даврае рост омадааст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва дар баробари дигар қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон, сарбозону афсарони қисмҳои низомии кишвар низ ҷиҳати истиқболи сазовори ин ҷашни миллӣ омодагии ҳамаҷониба мебинанд.

Боиси хурсандист, ки бо ташаббус ва ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар шароити ниҳоят мураккаб таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар аввалин солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус зоҳир намуда, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ низ шурӯъ намуда буд. Хушбахтона, имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлату миллат пояҳои Истиқлолияти давлатиро боз ҳам устувортар мегардонанд.

Пешвои муаззами миллат бо азму иродаи фарзандони содиқи Ватан, махсусан афсарону сарбозони шуҷоъ дар роҳи ҳифзи марзу буми кишвар азизамон итминони комил доранд ва дар ҳамешагӣ ба ин ниҳоди давлатӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамоянд. Махсусан, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020 зимни суханронӣ ба ифтихори 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ иброз намуда буданд, ки «Мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем ва номи неку корномаҳои ватандӯстонаи онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем».

Мо хушбахтем, ки бо талошу ҷонбозиҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳ бо тамоми шароитҳои муосири низомӣ таъмин гардида, афсарону сарбозони кишвар сарбаландона дар муқобили ҳамагуна хатару таҳдидҳои душманони миллат содиқона истодагарӣ карда метавонанд. Пас аз анҷоми сухани Саодатов Муҳаммадшоҳ сухани навбатӣ ба Вализода Муҳаммад-мудири шуъбаи таблиѓоти иттилоотӣ Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дода шуд.

Вализода Муҳаммад қайд намуд, ки Артиши миллӣ-мактаби ҷасорату мардонагӣ ва сабақи бебаҳои зиндагӣ буда, бо он ҷавонмардоне, ки дар ин соҳа заҳмат мекашанд, мо ифтихор мекунем. Зеро, дар таъмини амният ва зиндагии шоистаи мардум саҳми онҳо бузургу бесобиқа аст.

Суботу пойдории амнияту оромӣ ва осудагии кишвари маҳбубамон ба нерӯи Артиши миллӣ ва ѓайрати ҷавонони ҳимоятгари марзу буми кишвар вобастагии зиёд дорад. Таърих гувоҳ аст, ки халқу миллат ҳамеша хотираи фидоиёну ҳомиёни хешро пос медорад ва номи онҳоро дар саҳифаи таърихи худ бо ҳарфҳои заррин сабт мекунад.

Бигузор, дар Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ доимо пойдор ва дар қалбҳои ҳар як фарди миллат меҳри Ватан чун оташи нангу номус ҳамеша фурӯзон бошад.

Бори дигар тамоми мардуми шарафманди кишварро бо ин ҷашни фархунда табрик менамоям.

Артиши миллӣ бо гузашти беш аз чоряк аср дар фарози таърих ҳамчун ниҳоди калидии ҳарбӣ амнияти марзу буми Тоҷикистони азизро таъмин менамояд.Ҷавонони фаъолу донишҷӯёни Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангию ватандӯстӣ чорабиниро фараҳафзо намуданд. Дар интиҳо як гурӯҳ фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Бахши матбуот


0 Comments

Leave a Reply

Your email address will not be published.