Санаи 14.05.2026 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинӣ бахшида ба Моҳвораи ҷавонон таҳти унвонии “Як рӯзи ҷавонӣ” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Саодати Исайнӣ – намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимов Холиқназар – муовини директор оид ба илм ва инноватсия, Сафаров Илҳомҷон – муовини директор оид ба тарбия, Раҳмонзода Муҳаммадсаид – сардори раёсати ташкилӣ – тарбиявии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз намуда, доир ба нақши ҷавонон дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар тарбияи кадрҳои ҷавон ибрози назар намуда таъкид кард, ки ҷавонон нерӯи созандаи ҷомеа буда, онҳо бояд бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва ҳисси ватандӯстии баланд ба рушду пешрафти Тоҷикистони азиз саҳм гузоранд. Мавсуф иброз дошт, ки дар асри XXI, ки асри рушди бесобиқаи технология ва зеҳни сунъӣ мебошад, маҳз ҷавонони соҳибмаърифату навовар метавонанд иқтисодиёти миллиро ба сатҳи нав бароранд. Коллеҷи техникӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки барои донишҷӯён тамоми шароитҳои муосири илмиву таҳқиқотиро фароҳам созад, то онҳо тавонанд лоиҳаҳои и инноватсионии худро амалӣ намуда, дар саноаткунонии босуръати кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Сипас, Саодати Исайнӣ – намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, аҳамияти баргузории Моҳвораи ҷавононро дар тарбияи насли солим ва ташаккули худшиносии миллӣ махсус зикр намуда қайд кард, ки ҷавонони имрӯза бояд ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, дар баробари омӯзиши илму технологияҳои замони муосир, ба таъриху фарҳанги миллати худ содиқ бимонанд ва аз арзишҳои миллӣ ҳимоя кунанд.
Инчунин, муовини директор оид ба тарбия Сафаров Илҳомҷон баромад намуда қайд кард, ки тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва дур нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ вазифаи аввалиндараҷаи муассиса мебошад. Вай афзуд, ки донишҷӯёни коллеҷ бояд намунаи ахлоқи ҳамида, интизом ва масъулиятшиносӣ бошанд ва вақти худро самаранок истифода баранд.
Дар охир донишҷӯёни фаъол барои саҳми арзандаи худ дар ҳаёти ҷамъиятии коллеҷ ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҷавонон бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.