Санаи 19.03.2024 директори коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, доктори илмҳои техникӣ Саидзода Масрур Мирзохон бо Зверева Эльвира Рафиковна – доктори илмҳои техникӣ, профессори кафедраи экологияи муҳандисӣ ва бехатарии меҳнати Донишгоҳи давлатии энергетикии Қазони Федератсияи Россия аз Маркази барқу гармидиҳии №2 -и шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ иштирокдорон аз рафти кори МБГ шинос шуда, бо мутахассисону кормандони соҳа сӯҳбат намуда, тавсияву маслиҳатҳои муфид доданд.