Санаи 10.03.2026, аз соати 10:00 то 12:00 дар толори китобхонаи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндаи Коллеҷи техникии почта ва телекоммуникатсионии Шицзяжуани Ҷумҳурии Халқии Чин семинари омӯзишӣ дар мавзуи ” Фаъолияти нақлиёти оқилона (логистика)” баргузор гардид. Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба фаъолияти нақлиёти оқилона (логистика), истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи нақлиёт ва роҳҳои такмили идоракунии равандҳои логистикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чорабинӣ дар фазои ҳамкории судманд баргузор гардида, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки доир ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи логистика ва нақлиёти оқилона маълумоти муфид ба даст оранд.
Хабарҳо
БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАРОИ АМАЛИСОЗИИ “БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ
Санаи 27.04.2026 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати коллеҷ бо ташаббуси кафедраҳои математика ва информатика, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ барои амалисозии Read more…


