Санаи 30-юми апрели соли 2026 дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ (аз 10-уми декабри соли 2025, №805) бо мақсади таҳким бахшидани корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
бо иштироки намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе мулоқоту вохӯриҳои судманд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Шарифзода Диловар – намояндаи шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими МИҲД – шаҳри Душанбе, Ализода Ситора – намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Набизода Фарух – намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Душанбе ҳамзамон муовини директор оид ба илм ва инноватсия – Азимов Холиқназар, муовини директор оид ба тарбия – Сафаров Илҳомҷон, сардори раёсати ташкилӣ тарбиявӣ – Раҳмонзода Муҳаммадсаид, мудири бахши фарҳанг – Акрамова Нуринисо, инчунин муовинони декани факултетҳр оид ба корҳои тарбиявӣ ва омӯзгорону донишҷӯён Коллеҷ иштирок доштанд.
Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз намуда, ҳузури меҳмононро ба коллеҷ шодбош гуфта,
таъкид дошт, ки тарбияи ватандӯстии насли ҷавон, риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, инчунин тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҳадафҳои асосии ин чорабинӣ ба шумор меравад.
Сипас, Шарифзода Диловар – намояндаи шуъбаи дин ва танзими ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар бораи иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20.06.2024, №2048, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба танзими ва ҷашну маросимҳо, Низомномаи намунавии танзими ҷашну марсимҳо ва баргузории силсилачорабиниҳо бо мақсади татбиқи санадҳои мазкур ибрози назар намуд.
Дар идома Ализода Ситора – намояндаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе оид ба пешгирии омилҳои номатлуб байни одамон, аз ҷумла, нашъамандӣ, сироятёбӣ аз бемориҳои ВИЧ/СПИД, истифодаи маводи синтетикӣ-психоторопӣ ва дигар масъалаҳоро мавриди баррасӣ қарор дод.
Инчунин, Набизода Фарух – намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш шаҳри Душанбе оид ба тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва ифтихор доштан аз миллати хеш, шомил нагардидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои эктсремистию терористӣ, ба бар накардани либоси бегона ва дар ин замина ташвиқу тарғиб намудани таъриху фарҳанги миллати тоҷик баромад намуд.
Дар анҷоми чорабинӣ миёни донишҷӯён ва намояндагони мақомот мубодилаи афкор сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Меньше