Санаи 04.05.2026 бо ташаббуси Гулов Шариф – муаллими калони кафедраи забонҳои Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар толори китобхона бо иштироки меҳмонон мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши Абулқосим Лоҳутӣ дар адабиёти муосири тоҷик” ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинӣ меҳмонон: Мирзосаид Сатторӣ – сарояндаи ансамбли “Нури Хуҷанд”, аълочии фарҳанги Тоҷикистон, Гадоибоев Раҳмат – сарояндаи ансамбли “Нури Хуҷанд”, инчунин намояндагони раёсати илм ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ иштирок намуданд.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Азимов Холиқназар бо сухан баромада, таъкид дошт, ки Абулқосим Лоҳутӣ пас аз Садриддин Айнӣ на танҳо шоир, балки яке аз поягузорони адабиёти нави шӯравии тоҷик ва мубаллиғи ғояҳои озодихоҳӣ мебошад. Хизматҳои ӯ дар таҳияи алифбои нав, рушди театри миллӣ ва сурудани нахустин Суруди миллии Тоҷикистон дар таърих бо ҳарфҳои зарин сабт шудаанд. Мероси ӯ пули пайвандгарест миёни адабиёти классикӣ ва муосири мо.
Дар идомаи чорабинӣ донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятии шоир баромад карданд. Онҳо намунаҳо аз ашъори Лоҳутӣ, аз ҷумла шеърҳои машҳури ватандӯстона ва лирикии ӯро бо маҳорати баланд қироат намуда, ҷанбаҳои инсонпарварии эҷодиёти ӯро шарҳ доданд.
Бахши ҳунарии мизи мудавварро ҳунарманди маҳбуб аълочии фарҳанги Тоҷикистон Мирзосаид Сатторӣ ҷолибияти бештар бахшид. Ӯ бо оҳанги дилнишин ва садои хуб якчанд суруду ғазалро аз ашъори устод Лоҳутӣ иҷро кард, ки рӯҳияи ҳозиринро болида намуда, таъсирбахшии каломи шоирро дучанд гардонид.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки омӯзиши осори Лоҳутӣ барои насли ҷавон дар роҳи худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳамчун мактаби бузурги маҳорат хизмат мекунад.