Санаи 05.05.2023 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ, дар мавзӯи “Аҳамияти омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди соҳаи нақлиёт ва телекоммуникатсия” бахшида ба ҳадафи 4 – уми миллӣ “Саноатикунонии босуръати мамлакат” баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур меҳмононон: номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсенти кафедраи ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳзозии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ Бобобеков Ориф Қобилович, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти ДМТ Ғафуров Сафархон Ҷурахонович ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ иштирок намуданд.

Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба муносибати баргузории конференсия шодбош гуфт.

Дар рафти конференсия иштирокчиён: н.и.т., и.в. дотсенти кафедраи ҷузъҳои мошин ва мошинҳои сохтмонию роҳзозии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ Бобобеков Ориф Қобилович дар мавзӯи “Таъсири хусусиятҳои табии иқлимии минтақаи куҳӣ ба ронандагони мошинҳои сохтмонӣ”, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёти ДМТ Ғафуров Сафархон Ҷурахонович дар мавзӯи “Бедор намудани шавқу рағбати донишҷӯён оиди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”, д.и.т., и.в. профессори кафедраи физика ва телекоммуникатсияи коллеҷи техникӣ Ғуломов Масрур Мирзохонович дар мавзӯи “Гармигузаронии моеъҳо”, д.и.т., и.в. профессори кафедраи электроенергетикаи коллеҷи техникӣ Сафаров Амиршо Ғоибович дар мавзӯи “Дастовардҳои олимону омузгорони коллеҷи техникӣ вобаста ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ”

Дар охири конференсия байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида , руҳияи омӯзгорон ва донишҷӯёнро баланд бардоштанд.