Санаи 27.04.2026 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати коллеҷ бо ташаббуси кафедраҳои математика ва информатика, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ барои амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” башида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Нақши илмҳои табиатшиносӣ ва риёзӣ дар омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи зеҳни сунъӣ ва иқтисоди рақамӣ дар зинаи таҳсилоти миёнаи касбӣ” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмононон: Мавлоназаров Силмон Силтоназарович, сарходими илмӣ, профессори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хушвахтзода Муҳиддин Бурак номзади илмҳои физикаю математика, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда, қайд намуд, ки
ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ дар замони муосир, ки ҷаҳон ба сӯи рақамикунонии комил ва истифодаи густурдаи зеҳни сунъӣ қадам мегузорад, аҳамияти стратегӣ дорад. Қайд карда шуд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, омӯзиши фанҳои дақиқ заминаи асосии тайёр кардани мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнати муосир мебошад.
Сипас, тибқи сенарияи конференсия Мавлоназаров Силмон Силтоназарович – сарходими илмӣ, профессори Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ”, Хушвахтзода Муҳиддин Бурак номзади илмҳои физикаю математика, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети механикаю математикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи “Ҳуши маснуъӣ: имкониятҳо ва таҳдидҳо барои ҷомеа”, Раҳимӣ Фарҳод, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи зеҳни сунъӣ ва барномасозии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ дар мавзӯи “Кибертерроризм ва таҳдиди он дар шароити рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза намуданд.
Дар охири конференсия байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, ба иштирокчиёни чорабинӣ таасуроти нек боқӣ монданд.