Санаи 07.05.2026 дар толори фарҳангии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии сиёсию фарҳангӣ ва фароғатии идона ба муносибати 81 – умин солгарди “Рӯзи Ғалаба” таҳти унвони “Ёди шаҳидон бо мост!” бо иштироки меҳмонон баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур меҳмононон: сержант Боев Алиҷон Сулаймонович – раиси комиссияи тафтишотии маъюбони Чернобилчиёни ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, иштирокчии бартарафкунии оқибатҳои фалокати Чернобил – Нозимов Табаралӣ Қурбонович инчунин аҳли раёсат ва донишҷӯёну омӯзгорони Коллеҷи техникӣ иштирок намуданд.
Директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам ба сухан баромада сараввал меҳмонону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба 81 – умин солгарди Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, чорабиниро ифтитоҳ намуда, қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Ҳар сол дар кишвари азизу маҳбуби мо ба хотири ёдбуди онҳое, ки баҳри халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ва барои қадрдонии онҳое, ки баҳри ба даст овардани ғалаба мардонавор ҷангидаанд, 9-май ҳамчун Иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медорад ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додааст.
Қайд карда шуд, ки ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Корнамоиҳои онҳо аз тарафи давлат қадрдонӣ карда шуда, ба онҳо унвонҳои сазовор дода шудааст. Кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳо, мактабу муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба номи ин қаҳрамонон гузошта шудааст.
Ёди неки ин мардони шуҷоъ дар хотираҳои ҳар як хурду калони Тоҷикистон абадӣ аст. Ҷоннисориҳои ин далерон намунаи ватандӯстӣ ва қудрати мардонагӣ барои ҷавонмардон аст. Бигзор насли ояндаи Тоҷикистон бо чунин ҳисси бузурги ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори миллӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намояд.
Сипас, тибқи сенария ба ифтихори 81 -умин солгарди ғалаба бар фашизм аз тарафи донишҷуёни факултети сохтмон ва технологияи иттилоотӣ суруду таронаҳои тараннумгари Ватан ва саҳнаҳо оид ба Рӯзи ғалаба пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардида, табъи онҳоро болида намуд.
Чорабинии сиёсӣ, фарҳангӣ ва фароғатии идона бахшида ба 81-умин солгарди Ғалаба бар фашизм бори дигар собит намуд, ки ҷасорату фидокории аҷдодон ҳамеша дар ёди насли ҷавон боқӣ мемонад. Баромадҳои фарҳангии донишҷӯёни факултети сохтмон ва технологияи иттилоотӣ на танҳо хотири ҳозиринро болида сохтанд, балки ҳисси ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба сулҳ ва масъулияти ҳифзи Ватанро дар дили ҳар як иштирокчӣ бедор намуданд.