Дар доираи нақшаи баргузории силсилаи чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст, санаи 18.05.2026 аз тарафи раёсати Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Ҷавонон – нерӯи ояндаи миллат» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
ва ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Куруши Кабир баргузор гардид.
Дар чорабиниии мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони бахши кор бо ҷавонони МИҲД- и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ фаъолона иштирок намуданд.
Дар рафти баргузории чорабинӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Дилошуб ва намояндагон аз коллеҷи техникӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба муносибати моҳвораи ҷавонон табрик гуфта қайд намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҷавононро нерӯи тавонои созанда ва пешбарандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мамлакат меҳисобад ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба зиндагӣ ва таҳсилу фаъолияти онҳоро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эътироф менамояд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳифзу пойдории истиқлолияти миллӣ, бунёди давлати муосир ва рушди ояндаи онро ба саҳми бевоситаи ҷавонон вобаста медонад ва бо истифода аз имконоти мавҷуда кӯшиш мекунад, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон мунтазам беҳтар гардида, барои рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорон гардид. Аз ҷумла, баромади ҳунармандони ҷавон, қироати шеър, намоиши саҳначаҳои тарбиявӣ ва иҷрои мусиқии зинда фазои чорабиниро боз ҳам ҷолибу хотирмон гардонид.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.