Кормандони раёсати таълим

Эмомов Саид
-
Сардори шуъбаи
таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ
Фазлиддини Неъматулло
-
Сардори шуъбаи таҳсилоти
ғоибона (фосилавӣ)

Раёсати таълими коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ

Раёсати таълими Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» яке аз сохторҳои муҳими идоракунандаи фаъолияти таълимӣ ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии соҳавӣ, Оинномаи муассиса, қарорҳои Шӯрои олимон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Коллеҷ ба роҳ мондааст.

Масъалаҳои асосие, ки дар назди раёсати таълим қарор доранд, иборатанд аз:

баланд бардоштани сифати таҳсилот ва такмили раванди таълим;
ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва ба роҳ мондани раванди таълим дар Коллеҷ;
мутобиқ намудани фаъолияти кафедраҳо ва факултетҳо ба талаботи муосири таълим;
баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбӣ ва педагогии ҳайати профессорону омӯзгорон;
коркард, пешниҳод ва татбиқи нақшаи дурнамои рушди Коллеҷ;
паҳн ва таҳлили таҷрибаи пешқадами фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳо.

Вазифаҳои асосии раёсати таълим аз инҳо иборатанд:

тартиб додани нақшаи кории соли таҳсил ва назорати иҷроиши он;
ташкил, назорат ва паҳн намудани маводҳои марбут ба раванди таълим;
тартиб додан ва тасдиқи нақшаҳои раванди таълим;
ташкил ва назорати гузаронидани таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ;
ҳамоҳангсозӣ ва паҳн намудани фаъолияти факултетҳо оид ба банақшагирии корҳои мустақилонаи донишҷӯён, инчунин назорат ва ҷараёни пешрафти таҳсили онҳо;
назорати иҷроиши нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо;
санҷиш ва таҳлили фаъолияти кафедраҳо ва факултетҳо дар самти таълим;
ба ҳисобгирии шумора ва ҳаракати донишҷӯён;
таҳлил ва паҳн намудани натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва давомоти донишҷӯён;
тартиб додани ҳисоботҳои оморӣ ва маводҳои таълимию методӣ;
назорат ва паҳн намудани маводҳои раванди таълиму тарбия;
банақшагирии истифодаи аудиторияҳо ва лабораторияҳо, инчунин таъмини онҳо бо таҷҳизоти техникии зарурӣ;
санҷиши омодагӣ ва гузаронидани ҳамаи намудҳои дарсҳо ва шаклҳои раванди таълим дар кафедраҳо;
омода намудани ахборот ва маълумотҳо оид ба фаъолияти таълимию методӣ;
тайёр намудани маводҳо барои тасдиқи штати профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасон;
тақсим, ҳисоб ва назорати истифодаи фонди соатбайъ барои пардохти музди меҳнат;
баррасӣ ва ҷавоб додан ба мактубу дархостҳо вобаста ба масъалаҳои таълим;
тартиб додани ҳисоботҳои солона оид ба фаъолияти таълимию методӣ;
иҷрои дигар вазифа ва супоришҳое, ки аз ҷониби маъмурияти Коллеҷ ва Шӯрои олимон пешниҳод мегарданд.

Сохторҳои зертобеи раёсати таълим

Дар зертобеи раёсати таълим сохторҳои зерин фаъолият менамоянд:

шуъбаи таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ,

шуъбаи таҳсилоти ғоибона (фосилавӣ),
маркази бақайдгирӣ, машваратӣ ва тестӣ бақайдгирӣ,
бахши таҷрибаомӯзӣ,
 бахши таҷрибаомӯзи ва кор бо мутахассисони ҷавон,
шуъбаи истеҳсолӣ-омӯзишӣ,
маркази технологияи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ.

Кормандони раёсати таълим фаъолияти худро дар асоси дастурамалҳои вазифавӣ ба роҳ монда, ӯҳдадориҳои хизматии худро саривақт ва бо масъулияти баланд иҷро менамоянд.