Маҷидов Парвиз Амонқулович
сардори раёсати таълим

Маҷидов Парвиз Амонқулович 18 октябри соли 1991 дар ноҳияи Айнии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Миллат — тоҷик.

Соли 2015 факултети менеҷмент ва модели аврупоии таҳсилоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон-ро бо ихтисоси менеҷменти байналмилалӣ хатм намуда, соли 2017 зинаи магистратураи Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро аз рӯйи ихтисосҳои иқтисодиёт ва идора дар корхона ба анҷом расонидааст. Таҳсилот — олӣ.

Фаъолияти меҳнатии худро соли 2017 дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» оғоз намудааст. Солҳои 2017–2018 дар вазифаи ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идора фаъолият кардааст. Солҳои 2018–2022 ҳамчун ассистенти кафедраи молия ва ҳисобдорӣ кор кардааст.

Дар солҳои 2022–2024 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи молия ва ҳисобдорӣ буда, соли 2024 дубора ба вазифаи ассистенти ҳамин кафедра таъйин гардидааст. Солҳои 2024–2025 бори дигар вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи молия ва ҳисобдориро иҷро намудааст.

Аз 15 апрели соли 2025 то ҳол дар вазифаи сардори раёсати таълими Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ» шаҳри Душанбе фаъолият менамояд.

Забони хориҷӣ — русиро медонад. Вазъи оилавӣ — оиладор.