Дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ маросими тантанавии қадрдонии ғолибони олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ раёсати коллеҷ ба донишҷӯёни соҳибистеъдод сипоснома, ифтихорнома ва ҳавасмандиҳои пулии молиявӣ супорид.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Коллеҷи техникӣ дар олимпиадаву озмунҳои сатҳи баланд фаъолона иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла, онҳо дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ донишҳои назариявии худро нишон дода, дар даври ноҳиявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маҳорати баланди китобхонӣ ва суханвариро ба намоиш гузоштанд.
Ҳамчунин, намояндагони коллеҷ дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ ва навоварӣ, озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баҳри ҳифзи мероси ниёгон ва ватандӯстӣ, инчунин дар озмуни «Малакаҳои касбӣ» ва Форуми байналмилалии малакаҳо «Тоҷикистон-2026» маҳорати олии амалӣ нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардиданд.
Роҳбарияти коллеҷ зимни супоридани мукофотҳои пулӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳо ба ғолибони озмунҳо ва як қатор омӯзгорону кормандони фаъол таъкид намуд, ки дастгирии ҷавонони илмдӯсту эҷодкор ва қадрдонии заҳмати устодон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи раёсат қарор дорад. Қайд гардид, ки ин ҳавасмандии молиявию маънавӣ барои боз ҳам сайқал ёфтани дониши донишҷӯён, баланд бардоштани шавқи устодон ба кору эҷод ва эҷоди илҳоми нав дар роҳи илму касбомӯзӣ заминаи мустаҳкам мегузорад.