Санаи 18.04.2026 дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М. Осимӣ вохӯрии судманди намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати устодону донишҷӯён баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мазкур меҳмонон: муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ, кормандони раёсати мазкур, майори милитсия Шарифзода Нигора ва капитани милитсия Азиззода Зокирҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабиниро муовини директор оид ба таълим Одинаев Раҳмоналӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии чунин вохӯриҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии насли ҷавон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири гурӯҳҳои манфиатҷӯ мебошад.
Сипас, муовини аввали сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД, полковники милитсия Умарҷони Эмомалӣ суханронӣ намуда, бо таҳлили амиқи вазъи ҷаҳони муосир, ҷавононро ба ҳушёрии сиёсӣ ва худогоҳии миллӣ даъват кард. Ӯ таъкид намуд, ки Ҷавонон нерӯи созандаи давлатанд ва ҳар як амали носанҷида дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ояндаи дурахшони онҳоро зери хатар гузорад.
Ҳамчунин, кормандони раёсати болозикр – майори милитсия Шарифзода Нигора ва капитани милитсия Азиззода Зокирҷон оид ба пешгирии нашъамандӣ, авбошии ҷавонон ва риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фикру мулоҳизаҳои ҷолиб баён доштанд.