Санаи 10.03.2026, аз соати 10:00 то 12:00 дар толори китобхонаи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, семинари омӯзишӣ бо иштироки намояндаи Коллеҷи техникии почта ва телекоммуникатсионии Шицзяжуани Ҷумҳурии Халқии Чин семинари омӯзишӣ дар мавзуи ” Фаъолияти нақлиёти оқилона (логистика)” баргузор гардид. Дар рафти семинар масъалаҳои марбут ба фаъолияти нақлиёти оқилона (логистика), истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаи нақлиёт ва роҳҳои такмили идоракунии равандҳои логистикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Чорабинӣ дар фазои ҳамкории судманд баргузор гардида, иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки доир ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ дар соҳаи логистика ва нақлиёти оқилона маълумоти муфид ба даст оранд.
Categories: Хабарҳо


