Рӯзи 30-юми декабри соли 2020 ҷаласаи васеи Шӯрои олимони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ баргузор гардид, ки дар он директори коллеҷ Холматов Рустам Буранович доир ба фаъолияти коллеҷи техникӣ дар соли 2020 ва самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соли 2021 ҳисобот дод.

Дар ҳисобот тамоми бурду бохт, камбудию норасогиҳо бо далелҳои қонеъкунанда инъикос ёфта, ҷиҳати бартараф намудани онҳо шаклу усул ва роҳҳои самараноки ноил шудан ба комёбию дастовардҳо баён гардиданд. Дар ҷаласа аъзои шӯро, омӯзгорону кормандон ба музокира баромада, ҳисоботи сарвари муассисаи таълимиро дар соли 2020 қаноатбахш арзёбӣ намуда, фикру андеша ва пешниҳоду таклифҳои судмандро ҷиҳати беҳдошти таълиму тарбияи донишҷӯён ибрози назар намуданд.

Ҷаласаи васеи Шӯрои олимон барои самтҳои афзалиятноки фаъолияти коллеҷи техникӣ қарорҳои дахлдор қабул намуда, шахсони масъулро бобати иҷрои онҳо вобаст намуд.

Дар охир омӯзгорону кормандоне, ки дар таълиму тарбияи донишҷӯёну хонандагон саҳми босазо гузоштаанд, бо ифтихорномаи муассиса сарфароз гардонида шуданд.