Санаи 26.12.2022 дар толори маҷлисгоҳ бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми омӯзгорону кормандони коллеҷи техникӣ ҳисоботи директори коллеҷи техникӣ Холматов Рустам Буранович “Оид ба натиҷаи фаъолияти коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар соли 2022 ва самтҳои афзалиятноки фаъолият дар соли 2023” шунида шуд.

Директори коллеҷи техникӣ- Холматов Рустам Буранович зимни баромади худ ҷиҳати корҳои ба сомон расонидаи раёсати коллеҷ дар соли 2022 дар назди ҳамагон ҳисобот дода, қайд намуд, ки камбудию нуқсониҳои ҷойдоштаро ошкору роҳҳои бартарафсозии онҳо ва самтҳои афзалиятноки пешрафти коллеҷро муайян карда, бояд ҷидду ҷаҳд намоем ва кӯшиш ба харҷ диҳем, ки иҷрои амалии нақшаҳои ояндаамонро дар соли 2023 таъмин сохта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷомаи амал пӯшонида, ҳиссаи арзандаи худро дар беҳдошти сифати таҳсилот, раванди таълиму тарбияи донишҷӯён гузорем.

Баъди анҷоми ҳисобот Холматов Р.Б. ба саволҳои аъзои Шӯрои олимон ва омӯзгорону кормандон ҷавобҳои саҳеҳу қаноаткунанда дода, иловатан қайд кард, ки мақсаду мароми роҳбарияти коллеҷи техникӣ ин беҳдошти сатҳи сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, дилгармии омӯзгорон нисбати касби омӯзгорӣ, муҳайё намудани шароити мехнати омӯзгорону донишандӯзии донишҷӯён, таъмини коллеҷ аз воситаҳои замонавии таълим, ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ба корҳои эҷодӣ, навоварӣ, мувофиқи талаботҳои меъёрию ҳуқуқӣ ташкил кардани ҳуҷҷатнигорӣ дар тамоми воҳидҳои сохтории коллеҷ ва бо меҳнати ҳалолу таҳсили хуб ҷавоб гардонидан аст.

Дар муҳокимаи ҳисоботи солона Маҳмадализода Бобоҷон – намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Азимов Холиқназар – муовини директор оид ба илм ва инноватсия, Алиев Давлат декани факултети сохтмон ва роҳсозӣ қайд намуданд, ки ба камбудию норасогиҳои соли сипаришуда нигоҳ накарда, ҳисоботи директори коллеҷ Холматов Рустам Бурановичро қаноатбахш арзёбӣ мекунем, зеро ҷамъбасти соли таҳсили ҷорӣ исбот намуд, ки роҳбарият ва аҳли кормандони коллеҷ қувваю қобилияти навоварию эҷодкорӣ ва маҳорату малакаи хуби кориро соҳибанд ва имконияти пурраи беҳтар намудани тадрису тарбияи донишҷӯёнро доранд. Умед аст, ки дар оянда бо ташаббусу иқдомҳои наҷиби роҳбарияти коллеҷ сатҳи сифати донишандӯзии донишҷӯён ва маҳорати касбии омӯзгорон беҳтару хубтар ба роҳ монда мешавад ва коллеҷи мо ба яке аз муассисаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ табдил меёбад. Нақшаи дурнамои таҳиянамудаи раёсати коллеҷро ҷиҳати рушди коллеҷи техникӣ қобили қабул дониста, бобати амалӣ гардонидани он саъю талош меварзем.

Азизмамадова Зулфия – мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ баромад намуда, иброз дошт, ки дар ҳақиқат муассисаи таълимии мо соли таҳсили гузашта ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардид, тағйироти куллӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолиятамон ба вуҷуд омаданд. Агар ҳар як корманди коллеҷ камбудиҳои фаъолияташро бартараф созад ва супоришҳои роҳбарияти коллеҷро дар хусуси рушди ояндаи коллеҷ дар амал татбиқ намояд, боз ба натиҷаҳои беҳтар ноил мешавем. Корҳои наҷиби ба сомон расонидаи раёсатро ба инобат гирифта, фаъолияти коллеҷро дар соли 2022 қаноатбахш арзёбӣ намуда, бо боварии комил гуфта метавонам, ки зери роҳбарии сарвари кордон, ташкилотчию ғамхор Холматов Рустам Буранович соли 2023 ба комёбиҳои ҷолиби диққати ҳамагон ноил хоҳем гашт.

Директори коллеҷи техникӣ – Холматов Рустам Буранович зимни ҷамъбасти масъала иловатан афзуд, ки мо бояд сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ва масъулияти омӯзгоронро ба кори таълиму тарбия мувофиқи талаботи замон ба роҳ монем, бо донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ робитаи мутақобилан судманд дошта бошем, шумораи омӯзгорони унвони илмидоштаро афзун намоем, омӯзгорону кормандонро ба курсҳои такмили ихтисос сафарбар намоем, ҷиҳати дарёфти таҷҳизотҳои замонавии таълим талош варзем ва омӯзиши ихтисосҳои ба бозори меҳнат ҷавобгӯйро дар коллеҷ ташкил намоем. Аз ҳама муҳим қобилияти баланди ташкилотчигиро доро бошем, ташаббускор, худкор, бомасъулияту бовиҷдон, покнияту ғамхор, дӯстдори касби худ бошему ин макони маърифатро азизу муътабар донем.

Дар анҷоми ҳисобот як қатор омӯзгорону кормандон бо ифтихорномаи коллеҷи техникӣ қадрдонӣ карда шуданд.