Боиси ифтихору сарбаландист, ки омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ пайваста бо шарикони рушд дар ҳамаи самтҳои фаъолияти техника ва технологияи муосир ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда истодаанд.

Айни замон коллеҷи техникӣ бо тамоми коллеҷу литсейҳои Оссиёи Марказӣ ва бо коллеҷу донишгоҳҳои соҳавии Федератсияи Россия ҳамкориҳоро ба роҳ монда, дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мунтазам иштироки фаъол дорад.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки санаи 20.12.2023 донишҷӯёни факултети сохтмон ва роҳсозии коллеҷи техникӣ, таҳти роҳбарии мудири кафедраи сохтмон ва меъморӣ Фозилов Зарифбек Қобилович дар озмуни байналмилалии сохтмонӣ, ки бо ташаббуси колеҷи сохтмонии Ростови лаби Дони Федератсияи Россия баргузор гардид, дар озмуни мазкур фаъолона иштирок намуда, дар байни 13 коллеҷи давлатҳои ИДМ дар номинатсияи лоиҳакашии биноҳои пастошёна сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки мудири кафедраи сохтмон ва меъмории коллеҷи техникӣ Фозилов Зарифбек Қобилович дар озмуни мазкур аз рӯйи номинатсияи ҳифзи дастовардҳои меъморию фарҳангии миллӣ сазовори ҷойи 1-ум гардид.

Раёсати коллеҷи техникӣ ғолибони озмуни мазкурро сидқан табрику таҳният намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳоро таманно менамояд.

Бахши матбуот