Санаи 06.05.2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, маросими ҷоизасупории ғолибони даври дуюм (ноҳиявӣ)-и Озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ, бо иштироки муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур, сарпарасти соҳа муҳтарам Зуҳурзода Зарина баргузор гардид.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ассистенти кафедраи молия ва ҳисобдории коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, Содиқова Меҳрона бо истеъдоди баланд ва маҳорати хоса дар озмуни мазкур иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-юм гардид.
Ғолибони озмун дар маросими ҷоизасупорӣ аз тарафи кумитаи тадорукот бо диплом ва мукофотпулӣ ва роҳбарияти
муассисаҳое, ки иштирокчиёнашон дар даври ноҳиявии озмуни мазкур сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
Раёсати коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ассистенти кафедраи молия ва ҳисобдорӣ Содиқова Меҳронаро барои сазовори ҷойи сеюм гаштанаш дар даври дуюми (ноҳиявии) озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” табрику таҳният гуфта, ба ӯ барору комёбӣ ва дар даври шаҳрӣ музаффариятҳои навбатиро таманно менамояд.