Рӯзи 3-юми июни соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид, ки аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 6 нафар омӯзгорону донишҷӯёни ғолибон бо мукофот, диплом, ифтихорнома ва раёсати коллеҷ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардид.
Қайд намудан ба маврид аст, ки озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар соли ҳаштум аст, ки доир мегардад.
Боиси зикр аст, ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 12 нафар омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуда, 1 нафар омӯзгор, 2 нафар донишҷӯ ва 3 нафар хонандаи шӯъбаи таҳсилоти ибтидои касбӣ ба даври минбаъда (шаҳрӣ) роҳ ёфтанд:
1. Ҷонгирова Мавлуда Юсуфҷоновна – аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, сазовори ҷойи 1-ум 🥇;
2. Маҳмудзода Абубакр Ҳоким – аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир, сазовори ҷойи 2-юм 🥈;
3. Холматова Шоҳсанам Ҳусейнова – аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм 🥉;
4. Қадамов Қадам Гулбодович – аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир, сазовори ҷойи 3-юм 🥉;
5. Карим Юсуф Дилшодович – аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир, сазовори ҷойи 3-юм 🥉;
6. Раҳматов Абдулло Ҳикматович – аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм 🥉;
Раёсати коллеҷи техникӣ ҳамаи ғолибони даври ноҳиявии озмунро бо ин дастовард табрику таҳният намуда, ба ғолибон дар давраҳои минбаъда барору комёбиҳоро таманно дорад.