20.09.2023

Санаи 20.09.2023 дар толори шӯрои олимони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо мақсади тадбиқи барномаҳои таҳсилоти касбӣ оид ба низоми дуалии таълим дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти ҳамкориҳои олмонии GIZ ва ICON Institute семинари байналмилалии омӯзишӣ барои мураббиёни ширкатҳои логистикӣ ва омӯзгорони коллеҷи техникӣ ҷиҳати банақшагирӣ ва татбиқи барномаҳои таълимӣ барои низоми дуалии таълим дар самти логистика ҷамъбаст гардид.

Боиси қайд аст, ки семинари мазкур аз тарафи экспертҳои байналмилалӣ Александр Сибонӣ, Томас Болман ва Тея Сипрашвилӣ рузҳои 18-20 сентябри соли равон бо иштироки омӯзгорони коллеҷи техникӣ ва мураббиён аз ширкатҳои логистикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷамъбасти семинари мазкур директори коллеҷи техникӣ муҳтарам Саидзода Масрур Мирзохон ба сухан баромада ба экспертҳои байналмилалӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани чунин семинар барои омӯзгорони коллеҷи техникӣ ва мураббиёни ширкатҳои логистикӣ изҳори сипос намуд. Қайд карда шуд, ки тибқи талаботи низоми дуалии таълим дар коллеҷи техникӣ қисми назариявӣ ва дар ширкатҳо ва корхонаҳо бошад қисми амалӣ омӯзонида мешавад. Таҳсилоти дуалӣ чунин шакли таҳсил мебошад, ки таҳсили донишҷӯёнро дар муассисаҳои таълимӣ бо таҷрибаи амалӣ ҳангоми таҷрибаомӯзӣ дар ширкатҳо ва ташкилотҳо пайваст менамояд.

Дар фарҷом ба экспертҳои байналмилалӣ ва як қатор иштирокчиёни ширкатҳои логистикӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.