30-юми декабри соли ҷорӣ дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҲҲДТ «Навовари ҷавон»-и коллеҷи техникӣ баргузор гардид. Муовини раиси ташкилоти ибтидоӣ Ғиёсиев И. оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ ҳисобот дода, дар хусуси дастоварду камбудиҳои ҷойдошта, изҳори андеша намуд.

Дар ҷаласаи ҳисоботӣ аъзои ҲХДТ ба музокира баромада, оид ба нуфуз, эътибори ҳизб ва хизматҳои арзандаи Раиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҲҲДТ «Навовари ҷавон»-и коллеҷи техникӣ пешниҳодҳои ҷолиби диққат баён намуданд.

 


0 Comments

Leave a Reply

Avatar placeholder

Your email address will not be published. Required fields are marked *