Кормандони раёсати таълим

Фазлиддини Неъматулло
-
Сардори шуъбаи таҳсилоти ғоибона (фосилавӣ)

Раёсати таълимии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ»

Раёсати таълимии яке аз воҳидҳои муҳими сохторӣ ба ҳисоб рафта, идоракунии фаъолияти таълимиро таъмин менамояд. Фаъолияти худро он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии соҳавӣ, Оинномаи муассиса, қарорҳои Шӯрои олимон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Коллеҷ амалӣ мегардонад.

Масъалаҳои асосие, ки ба салоҳияти Идораи таълимӣ дохил мешаванд:

  • баланд бардоштани сифати таҳсил ва такмили раванди таълим;

  • ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва таъмини раванди таълим дар Коллеҷ;

  • мутобиқ гардонидани фаъолияти кафедраҳо ва факултетҳо ба талаботи муосири таҳсилот;

  • баланд бардоштани сатҳи маҳорати касбӣ ва педагогии ҳайати профессорону омӯзгорон;

  • таҳия, пешниҳод ва татбиқи нақшаи дурнамои рушди Коллеҷ;

  • омӯзиш, таҳлил ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами фаъолияти таълимии кафедраҳо ва факултетҳо.

Вазифаҳои асосии Идораи таълимӣ:

  • таҳияи нақшаи солонаи кор ва назорати иҷрои он;

  • ташкил, назорат ва паҳн намудани маводҳои марбут ба раванди таълим;

  • таҳия ва тасдиқи нақшаҳои таълимӣ;

  • ташкил ва назорати баргузории таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ;

  • ҳамоҳангсозии фаъолияти факултетҳо оид ба банақшагирии кори мустақили донишҷӯён ва назорати сатҳи донишандӯзии онҳо;

  • назорати иҷрои нақшаҳои таълимӣ аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо;

  • санҷиш ва таҳлили фаъолияти кафедраҳо ва факултетҳо дар самти таълим;

  • баҳисобгирии шумора ва ҳаракати донишҷӯён;

  • таҳлил ва паҳн намудани натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва ҳозиршавии донишҷӯён;

  • омода намудани ҳисоботи оморӣ ва маводҳои таълимӣ-методӣ;

  • назорат ва паҳн намудани маводҳои марбут ба раванди таълиму тарбия;

  • банақшагирии истифодаи аудиторияҳо ва озмоишгоҳҳо, инчунин таъмин намудани онҳо бо таҷҳизоти зарурии техникӣ;

  • санҷиши омодагӣ ва баргузории ҳамаи намудҳои машғулиятҳо ва шаклҳои раванди таълим дар кафедраҳо;

  • омода намудани иттилоот ва маълумотномаҳо оид ба фаъолияти таълимӣ-методӣ;

  • таҳияи мавод барои тасдиқи ҳайати штатии профессорону омӯзгорон ва кормандони ёрирасон;

  • тақсим, баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи фонди музди меҳнати соатбайъ;

  • баррасӣ ва ҷавоб ба мактубҳо ва муроҷиатҳо вобаста ба масъалаҳои таълим;

  • таҳияи ҳисоботи солона оид ба фаъолияти таълимӣ-методӣ;

  • иҷрои дигар вазифаҳо ва супоришҳое, ки аз ҷониби маъмурияти Коллеҷ ва Шӯрои олимон вогузор мегарданд.

Сохторҳои тобеи Идораи таълимӣ:

  • шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ;

  • шуъбаи таҳсили ғоибона (фосилавӣ);

  • маркази бақайдгирӣ, машваратӣ ва тестӣ;

  • шуъбаи таҷрибаомӯзӣ;

  • шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон;

  • шуъбаи истеҳсолӣ-таълимӣ;

  • маркази технологияҳои иттилоотӣ ва рақамикунонӣ.

Кормандони Идораи таълимӣ фаъолияти худро дар асоси дастурҳои вазифавӣ амалӣ намуда, уҳдадориҳои хизматиро бо сатҳи баланди масъулиятнокӣ ва саривақт иҷро менамоянд.