Олам ҳама хандон шуд, Наврӯз муборак бод!

Ҷон дар бағали ҷон шуд, Наврӯз муборак бод!

Муҳтарам меҳмонон, ҳайати профессорӣ-омӯзгорӣ, кормандону донишҷӯёни арҷманди коллеҷи техникӣ!

Наврӯз муждаи зиндашавии табиат, рамзи сарсабзӣ, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ алайҳи бадӣ мебошад. Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебоманзари куҳандиёри мо зуҳур карда, бо обу хок, марзу бум ва руҳи зиндагисозу тамадунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзе мебошанд, ки аз қадим то имрӯз ба рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳамулгарои мо созгоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо ҷидду ҷаҳд, талошҳои пайваста ва дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид ҷашни аҷдодии тоҷиконро ба Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табдил доданд, фармудааст: «…Халқи мо беҳтарин орзуву умеди худро қабл аз ҳама бо Наврӯз, яъне Соли нави анъанавии аҷдоди хеш пайванд медиҳад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меорад». Ин ташаббус гувоҳи он аст, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданаш барои эҳёи таърихи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва таҷлили ҳамасолаи он барои миллати тоҷик, ки посдоранда ва ҷашнгирандаи аслии он аст, як иқдимои бузурги таърихӣ мебошад. Ҷашни Наврӯз пеш аз ҳама дастоварди арзишмандтарини фарҳанги миллии тоҷикон аст. Ин ҷашн бо шукӯҳи шаҳомат ва табиати худ ҳамчун паёми ҳикматомӯзи ниёгони шарафманди мо ба мардум накӯиву зебоӣ ато менамояд.

Пояҳои маънавии ҷашни Наврӯз аз хайрандешию некбинии оламшумул саршоранд. Абӯрайҳони Берунӣ Наврӯзро «пешонии соли нав» номидааст, ки бахт ва иқболи нав аст. Расму таомули маъмули дигар дар даврони қадим ин буд, ки дар айёми Наврӯз ба хотири эҳтиром кардани пайвандҳои хешу таборӣ ва дӯстию рафоқат ба якдигар ҳадя мефиристониданд, дастархони наврӯзӣ аз ҳафт сину ҳафт шин ороста менамуданд ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мекарданд. Дар ҳақиқат, Наврӯз муждарасони шодию фараҳ, нишоту комгорӣ ва базми шодифизои пиру ҷавон аст, ки ҳамасола аксар аҳолии ҷаҳон ва хоса тоҷикон онро бо дилу дидаи бедор ва умеду ормонҳои нек интизор мешаванд. Аз миёни ҷашну сур, идҳои марғубу нодир ва хеле дилпазири тоҷикон ва халқу миллатҳои ҳамҷавор Наврӯз яке аз қадимтарин, бузургтарин ва зеботарин ҷашнҳои ҷаҳон аст.

Боиси хушнудист, ки ҳайати профессорӣ-омӯзгории коллеҷи техникии ДТТ ба номи М.Осимӣ ҳамасола Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар фазои тинҷию оромӣ, шукргузорӣ аз ободии Ватани маҳбубамон ва бо ҳисси баланди хештаншиносӣ истиқбол мегиранд, чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ, озмуну викторинаҳо, конференсияю маҳфилҳои адабӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мекунанд. Ҳамасола дар арафаи ин ҷашни бошукӯх омӯзгорону кормандон дастовардҳои илмӣ, эҷодӣ, навоварию методиашонро дар муассисаи таълимӣ ва озмунҳои ноҳиявию  шаҳрӣ ба намоиш мегузоранд. Дар машғулиятҳо, соатҳои тарбиявию иловагӣ ба донишҷӯён оид ба моҳияту  аҳамияти ҷашни Наврӯз маълумотҳои муфид медиҳанд.

Бо боварии том гуфта метавонем, ки ҳар як узви коллеҷи техникӣ бо азму иродаи қавӣ, бо муҳаббату садоқат нияти комил дорад, ки дар боз  ободу зеботар намудани Тоҷикистони азиз саҳми арзандаашро гузорад.

Бо камоли хушнудӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи  Тоҷикистони азиз Шуморо ва дар симоятон тамоми мардуми шарафманду шарифи Ватани маҳбубамонро ба муносибати фарорасии Наврӯзи оламафрӯз, сидқан табрику таҳният гуфта, ба Шумо бурдборӣ, тансиҳатӣ, сулҳу субот, тинҷию оромӣ ва осмони софу беғуборро таманно менамоям.

                         Наврӯзатон фирӯз бод,

                           Ҳар рӯзатон Наврӯз бод.


0 Comments

Leave a Reply

Your email address will not be published.