(Бахшида ба 35 солаги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Имрӯз бо соҳибистиқлол гардидани кишвари тоҷикон ва ба миён омадани ниёзи ҷиддӣ барои дарёфти роҳу мароми мустақили ҷумҳуриамон ба сӯйи ояндаи мутамаддин вақташ расидааст, ки мо низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи ҳамон сарвати бебаҳои маънавӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва равонии халқамон ва педагогикаи миллӣ бо дарназардошти имконоту тақозои замони муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба роҳ монем».
Истиқлоли давлатӣ меваи шаҳдбори ҳар як халқу миллат буда, равшан аст, ки соҳибихтиёрии давлат дар ҳама соҳаи зиндагӣ, чӣ сиёсӣ, чӣ иқтисодӣ, чӣ иҷтимоӣ ва чӣ фарҳангӣ таҷассум меёбад. Дар ин замина муассисаҳои таълимӣ ҳамчун рукни мустақил бо симои хоси худ ва дар пояи маданияти миллӣ, забон, таъриху суннатҳои анъанавии мардуми сарзамин арзи вуҷуд мекарданд ва мекунанд.
Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаи илму маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад».
Муқаддастарин ҷашни миллӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Имсол мардуми шарафманди Ҷумҳурии давлатии Тоҷикистон 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин ҷашни бошукӯҳ дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бо шаҳодат қайд намуда барои ҳар як фарди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун неъмати бабаҳо ва ифодагарии рамзи саодат, озодӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ арзиш дорад. Мо бо он мефахрем, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон 35-сол пеш орзуҳои дар дил мондаи гузаштагонамонро бо як талоши қавӣ пойдор ва устувор намуданд. Ногуфта намонад, ки бо дахолати душманони дохилию хориҷӣ дар рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба душвориҳи зиёд рӯ ба рӯй гардида, хавфи парокандашавии милати тоҷик ва аз байн рафтани он таҳдид мекард. Бахт ба рўйи мардуми шарифи Тоҷикистон хандиду дар ин лаҳзаҳои ниҳоят мушкилу мураккаб фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри бостонии Хуҷанд сарвари давлат эълон гардид, Истиқлолияти воқеии ватанро дар натиҷаи талошҳои ватанпарваронаи халқи шуҷоъ роҳандозӣ намуд. Истиқлолият самтҳои асоситарини сиёсати давлати соҳибистиқлоламонро таҳрезӣ ё муайян намуда, дар доираи се ҳадафи асосии стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикии давлат, роҳҳои ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми кишвар қадамҳои устувор гузоштанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1996 дар яке аз суханрониҳояш қайд намуд: «Дар маркази тамоми низоми таълиму тарбияи кишвари мо бояд мафкураи Истиқлолият, қадршиносии ин неъмати бебаҳо, анъанот, расму оини мардум ва дигар арзишҳои миллию умумибашарӣ қарор дода бошад». Дар тўли 35-соли Истиқлолият Тоҷикистони азизи мо рўй ба беҳбудӣ ниҳода, ҳаматарафа ба қуллаҳои баландтарин соҳиб гашта истодааст. Силсилаи шоҳрҳҳои автомобилгард, силсилаи хатсайрҳои ҳавоӣ бо кишварҳои дуру наздики ҷаҳон, нақбҳо аз дили кўҳистони Тоҷикистони кўҳсор, пулҳои гарон аз балои даёҳои касногузар моро ба ҳама кунҷу канори олами ҳастӣ пайваст. Акнун Тоҷикистони офтобрўя ва зебоманзараи моро дар тамоми кишварҳои хурду бузурги олам мешиносанд ва арҷи эҳтиром мегузоранд. Албатта, ҳамаи ин дастовардҳо кам нестанд, вале инҳо моро қаноатманд карда наметавонанд. Мўҳтарам Пешвои миллат Имомалӣ Раҳмон аз саршавии соли 2009-ум онро дар табрикоти солинавиаш «соли худшиносиву худогоҳӣ» номида буд ва аз мардуми кишвар хоҳиш кардад, ки сохтани нерўгоҳи барқи обии Сангтўда -2, хати барқи Ҷанубу Шимол» вусъат дода шуда, сохтмони нерўгоҳи Роѓун аз нав шурўъ ва тезонида шавад. Ҳамаи ин амру фармон ва супоришҳои додашуда дар амал иҷро гардида истодаанд. Ҷомеаи имрўзаи моро бе маориф тасавур кардан ғайри имкон аст. Ба ин таваҷҷўҳу ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо, кормандони муассисаҳои таҳсилоти то мактабӣ, муаллимону роҳбарони мактабҳои миёнаи умўмӣ ва касбӣ, устодон ва омўзгорони мактабҳои олӣ бояд ба донишу малакаи фарогириашон, бо заҳмати шабонарўзӣ, самимят ва бо дасту дили гармамон ҷавоб гардонагд. Тўли солҳои Истиқлолият зиёда аз 2000 мактаби замонавӣ сохта шуд, бо таҷҳизот ва бо дигар лавозимотҳои таълимӣ муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Ниёгони мо яке аз қадимтарин ва кўҳантарин тамаддунҳои ҷаҳониро офариданд, ки барпойдевории «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» устувор буд. Гузашта аз ин, онҳо низоми мукаммали давлатдорию идорот, санъати асили меъморию шаҳрсозӣ, тарзи муттамаддину оқилонаи муносибати байни миллатҳо, эҳтироми озодии мазҳабҳову равияҳои гуногун ва риояи оинҳои мухталифи динӣ, инчунин ҷараёну гуногунии мактабҳои илмию фалсафӣ ба мерос гузоштанд. Таърихи ҳаракати истиқлолхоҳии халқҳо хеле омўзанда ва ибратбахш аст. Аз қувваи озодихоҳию истиқлолталабӣ қавитар ва муқаддастар нерўе вуҷуд надорад. Касе шаъну шараф ва ору номус дорад, барои истиқлолияти миллию давлатӣ, барои озодии Ватани худ ҳеҷ чизро дареѓ намедорад ва танҳо бо ҳаминроҳ сарбаландона, озодона ва бошарафона зиндагӣ кунад. Мо бояд ҳастии худ, қадру қимати миллатро хуб донем, худро бо миллат якҷо, ҳаммаром ва ҳамтақдир шуморем. Худро ҳамтақдири миллат шуморидан дараҷаи баланди худогоҳии инсон аст. Дар ин ҳол, бе шаку шўбҳа аз бузургтарин лаззат ва ифтихор, яъне ифтихору кайфияти ватандорӣ маҳрум мемонем. Инсон ҳар қадар таърихи халқи худро хубтар донад, бо ранҷу азобҳо ва комёбиҳову қаҳрамониҳои ў ошно шавад, эҳтиромаш ба миллату Ватанаш бештар мегардад, мефаҳмад, ки гузаштагон барои соҳибватан ва соҳибмиллат шудан чи қадар ҷонбозиҳо карданд. Мо тақдири фарзандони хурдсоламонро, ки ҳанўз чун ниҳолони нозук бояд ҳастанд, баъд ба дасти устодони доно, бозаковат, ботаҷриба, бофазилату бо фарҳанг супорем, то ки ҷавонон дар оянда мустақилона ва ўҳдабароёна, бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ ва ватандорӣ давлати худро идора карда тавонанд. Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рўзи Истиқлолият чунин қайд намуданд: «Дар даврони Истиқлолият як насли нав – насли озод аз қобилҳои идеологӣ ва маҳдудиятҳои мафкуравӣ, дорои тафакури ҷаҳонбинии нав дар рўҳияи ватандўстию ватанпарварӣ ба камол расида, рўи саҳнаи зиндаги омад, ки мо дар оянда метавонем парчами давлатӣ соҳибистиқлоли худро дилпурона ба дасти онҳо супорем». Ман водор мекунам , ки қайд намуд роҳбари давлат, мардуми бо ору номуси мо бо меҳнати софдилона ва арзу иродаи қавии худ Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу сарсабз менамоянд, шўҳрати онро дар арсаи бйналмилалӣ баланд бардошта, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвари демократӣ, ҳуқўқбунёд ва дунявӣ саҳми босазои худро мегузоранд ва бо ҳамин роҳ сарнавишти таърихии халқамонро, ки аз Истиқлол ва Ваҳдати ҷовидонаи миллӣ ибтидо мегирад, сарбаландона идома медиҳанд.
Акрамова Нуринисо Акбаровна – мудири бахши фарҳанги Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ