Дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик расидан ба истиқлоли миллӣ аз саҳифаҳои дурахшонест, ки ҳар як сатраш бо ҳарфҳои тилло сабт ёфтааст. Аз ҷониби дигар Истиқлол ва давлатдории миллӣ ду шохаи муҳим барои ташаккули миллат аст, ки яке дигареро тақвият мебахшад. Яъне давлатдории миллии мо дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушду нумуъ пайдо кард ва ин бешубҳа аз дастовардҳои нодири Истиқлолият дониста мешавад. Истиқлолият ва густариши ғояи истиқлолхоҳӣ боиси рушди босуботи ҷомеа ва сатҳи некуаҳволии аҳолӣ гашта, имкон фароҳам овард, то натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллати тоҷик ба даст ояд.

Бояд гуфт, ки Истиқлолият роҳи ояндаи сиёсати давлативу хориҷии ҷумҳурии моро мушаххас намуда, барои шинохти миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон заминаи мусоидеро фароҳам овард.

Боиси хушнудист, ки имрӯзҳо миллати сарбаланди тоҷик дар фазои рӯҳбаланди беназир аз дастуру ҳидоятҳои ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, махсусан яке аз соҳаҳои муҳим ва афзалиятноки кишвар – маориф 32-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол менамоянд.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва бо сарварии оқилонаву сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки мардуми Тоҷикистон тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуда, ба дастовардҳои беназир дар ҳама соҳаҳо мушарраф гардад.

Маориф дар саиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи калидӣ ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, барои рушду такомули он ҳамасола аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои зиёде андешида мешавад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхорӣ ба соҳаи маорифро сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ арзёбӣ кардаанд. Ин бовару эътимод ва таваҷҷуҳу ғамхории Сарвари давлат ба соҳаи маориф мо олимону омӯзгоронро руҳбаланд мегардонад, то дар тарбияи насли наврас ва рушди неруи илмии кишвар талошҳои дучанд анҷом диҳем.

Имрӯз аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддати на чандон тулонӣ, Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи садсолаеро тай намуда, дар асраи ҷаҳон соҳиби нуфузу эътибор гардид. Ин музаффариятҳои миллати мо, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба мо шарафёб гардид, аз назари муҳаққиқони ҳам ватанӣ ва ҳам хориҷӣ арзёбӣ мешавад ва итминони комил дорем, ки минбаъд низ мавзуи дастовардҳои давлатдории миллии тоҷикон дар зарфи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ мавриди пажуҳишҳои бештаре қарор хоҳад гирифт.

Имрӯз мо вазифадорем, ки қадри истиқлолу озодӣ ва хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ дошта, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишвар дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон, ки қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад, саҳми шоиста гузорем.

ХОЛИҚНАЗАР АЗИМОВ – муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷи техникӣ