Кафедраи молия ва ҳисобдорӣ соли 2018 дар базаи кафедраи иқтисодиёт ва идора ташкил карда шуда, бо фармони директории муассиса №97Д аз 15-05-2018 дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идора Бобоев Ш.Н. мудири кафедраи молия ва ҳисобдорӣ таъин карда шуд.
Самти фаъолияти кафедра тайёр намудани мутахасисон дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ аз он ҷумла молия, ҳисобдорӣ, бонкдорӣ, хазинадорӣ мебошад.
Дар кафедраи молия ва ҳисобдорӣ 13 нафар устодони штатӣ кор ва фаъолият мекунанд.