Санаи 27.12.2021 кафедраи фанҳои гуманитарии коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзўи “Нақши солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар таҳким ва такомули соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагии халқи мамлакат бахшида ба ҷамъбасти солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ солҳои 2019-2021 баргузор намуд. Дар конференсияи мазкур меҳмонон: Умарзода Амирҷон – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси ноҳияи Шоҳмансур, Сафаров Давлатҷон -мутахассиси пешбари Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Камолов Усмоналӣ – н.и.ф., дотсент, мудири шуъбаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи энсиклопедияи миллии тоҷик, Шамсов Муборакшо – н.и.ф., дотсент, мудири шуъбаи таърихи фалсафаи АМИТ  иштирок намуданд.

Азимов Холиқназар – муовини директор оид ба илм ва инноватсия конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявиро кушода меҳмононро муаррифӣ намуда, иловатан зикр карданд, ки тавре ҳамагон иттилоъ доранд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Парлумони мамлакат солҳои 2019- 2021 ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуданд. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолии кишвар дар деҳот зиндагӣ мекунанд.

Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Маврид ба зикри хос аст, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб рафта, он имрӯз чун соҳаи прогресивии ҳаёти ҷамъиятӣ дар сатҳи байналхалқӣ мақоми хосаро касб намудааст.

Маҳз конференсияи мо бо ҳамин  мақсадҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон барои рушди ояндаи кишварамон бахшида шудааст.

Умарзода Амирҷон – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шоҳмансур дар мавзўи “Рушди сайёҳӣ ва пешрафти устувори кишвар замина хоҳад дошт” баромад намуда, қайд кард, ки сайёҳӣ яке аз омилҳои муҳимтарини меҳани азизи мо, Тоҷикистони соҳибистиқлол, буда, муаррифкунундаи халқу миллат, обу хок ва таъриху тамаддуни мо ба ҳисоб меравад. Тоҷикистони дар ҳақиқат ҳам минтақаи сайёҳӣ буда, диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст. Аз ин рў Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат зимни баромад чунин қайд карданд: Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сиёсии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ, инчунин  ҷалби сармоя ва инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар кишвар  эълон карда шавад.

Камолов Усмоналӣ – мудири шуъбаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи энсиклопедияи миллии тоҷик оид ба масъалаи “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ – инкишофи иқтисодӣ ва рушди худшиносӣ ва ифтихори миллат” баромад намуда, қайд намуд, ки дар ин раванд Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монданд. Ин иқдоми наҷиб тамоми мардуми кишварро рӯҳбаланд намуд.

 

 

 

Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо бо табиати зебо ва дарёҳои мусаффои худ қалби ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷии кишварро мафтун намудааст. Махсусан, “Искандаркул”, “Аловуддин”, “Водии Яғноб” ва қуллаи баландтарини Исмоили Сомонӣ  таваҷҷуҳи  сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои сердаромади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори  воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳиро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.

Шамсов Муборакшо – мудири шуъбаи таърихи фалсафаи АМИТ  баромад намуда, қайд намуд, ки ҳукумати мамлакат якҷо бо вазорату идораҳои марбута ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби харҷи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқтро дар ин самт таъмин карда истодаанд. Ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар воридоти  таҷҳизоту  маводи  сохтмони иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шуданд.

Сипас, Сафаров Давлатҷон – мутахассиси пешбари Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд, ки тибқи методологияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ҳар як шаҳрванде, ки аз макони зисти худ ба ҷойи дигар сафар намуда, зиёда аз 24 соат таваққуф мекунад ва ба кори музднок машғул намешавад, ҳамчун сайёҳ ҳисобида мешавад.

Дар тули солҳои 2018-2021 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардаанд, бо назардошти ҳама намудҳои мақсади сафар (хизматӣ, истироҳатӣ ва ғайра) зиёда аз 700 ҳазор нафарро ташкил намуданд, ки нисбат ба солҳои пешин хело зиёд шудааст.

         Тайи солҳои 2018 – 2021 дар кишвар 145 ширкати нав иҷозатномаи фаъолият гирифта, дар ин муддат, дар маҷмӯъ 224 ширкат ба бозори сайёҳӣ ворид гардид. Дар заминаи ташаббусҳои амалинамудаи роҳбарияти давлат ва имтиёзҳои дар ин самт пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат фаъолияти бахши хусусӣ густариш пайдо карда, шумораи меҳмонхонаҳо ва дигар инфрасохтори хизматрасонӣ зиёд шуд ва ин тадбирҳо ба рушди деҳот, хусусан, дар хатсайрҳои сайёҳӣ таъсири мусбат расониданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин имкониятро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардидааст.

Баъди анҷоми конференсия суҳбати озод баргузор гардида, ба саволҳои пешниҳодшуда посухҳои амиқу дақиқ дода шуд.

Categories: News