Санаи 08.02.2025 дар толори фарҳнгии Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ дар мавзӯи “Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ: мубориза бо хатарҳои муосир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ” чорабинӣ баргузор карда шуд.
Дар чорабинии мазкур меҳмонон: Содиқзода Хурсанд – муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Сафармад – сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон, Раҳимов Шарифхон – сармутахассис, Анварӣ Хирадманд – сармутахассис ва Давлатов Фарҳод – сармутахассиси раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон иштирок намуданд.
Муовини директор оид ба илм ва инноватсияи коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба сухан баромада, меҳмононро ба иштирокчиёни чорабинӣ муаррифӣ намуда, оид ба масъалаи якуми рӯзномаи чорабинӣ суханро ба Содиқзода Хурсанд – муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дод.
Содиқзода Хурсанд – муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади хеш қайд намуд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими мамлакат, аз ҷумла маориф, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Зимни боздиди худ аз иншооти шаҳри Душанбе, ки 1-уми сентябри соли 2024 сурат гирифт, Президенти мамлакат дастуру супоришҳои мушаххасро ҷиҳати такмили низоми таълим, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон ба масъулини соҳа ироа намуданд.
Таъкид гардид, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, таҳкими пойгоҳи моддию техникӣ ва такмили барномаҳои таълимӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Ҳамин аст, ки дар ин мулоқот Пешвои миллат ҷиҳати таъсиси муассисаҳои таълимии муосир, ҷорӣ намудани фанҳои нав дар барномаи таълимӣ, таъмини мактабҳо бо кадрҳои баландихтисос ва васеъ намудани озмунҳои илмию эҷодӣ барои ҷавонон супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамзамон муовини якуми директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд қайд намуд, ки яке аз омилҳои паст гардидани таълиму тарбия ин дур шудани ҷавонону наврасон аз китобхониву илмомӯзӣ мебошад. Ҷавононро мебояд аз шабакаҳои интернетӣ дуруст ва самаранок истифода баранд.
Бояд қайд кард, ки интернет паҳлуҳои мусбат ва манфии худро дорад. Масалан дар интернет маводҳои гуногун мавҷуд аст, ки на ҳама вақт воқеӣ будан ё на будани онро дарк менамоянд.
Интернет дар баробари он, ки дорои паҳлуҳои мусбат аст, ҳамчунин паҳлуҳои манфиро низ доро аст. Солҳои охир таввасути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ гурӯҳои ҷинояткори манфиатхоҳ андешаҳои ғаразноки худро пиёда менамоянд. Паҳн ва тарғиби ақидаҳои террористию экстремистӣ, ғаразҳои шахсӣ, таҳдидҳоест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасад. Барои паст ва рафъ кардани хатарҳои интернет дар мамлакатҳои гуногун тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Дар мамлакати мо низ ин хатарҳои интернет ба назар мерасад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои муҳимро дар ин самт равона кардааст. Баргузории чунин семинарҳои судманд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз қабили ин тадбирҳо ба шумор меравад.
Сипас, сардори раёсати назорати давлатии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва таълими калонсолон Сафарзода Сафармад изҳор дошт, ки ҳифзу ҳимояи истиқлолу озодии давлат ва Ватани маҳбуб, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, аз ҷумла радикализм, хурофоту таассуби динӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва ҷиноятҳои дигари муташакили фаромиллӣ, аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, танҳо бо ҳамкории зичи ниҳодҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шаҳрвандони ватандӯст метавонанд самаранок бартараф карда шаванд.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти геополитикӣ, муҳофизати истиқлолият ва суботи кишвар танҳо бо афзун намудани ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин таъмини фазои бехатарии иттилоотӣ дар ҷомеа имконпазир аст. Ҳамчунин, рушди устувори кишвар ва тақвияти ҳувияти миллӣ аз тафаккури солими ҷавонон ва саҳми фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад.
Ӯ қайд кард, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷавонон ва омода намудани онҳо барои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои муосир, дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам вохӯриҳо, суҳбатҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои гуногун баргузор мегарданд. Бо ҷалби намояндагони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорон ва коршиносони соҳа, ҷавонон ба масъалаҳои муҳим, аз қабили риояи қонун, масъулияти шаҳрвандӣ, роҳҳои пешгирии гаравидан ба гурӯҳҳои ифротгаро, хатари нашъамандӣ ва ҷинояткории киберӣ шинос мешаванд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки муосиршавии технологияҳои рақамӣ дар баробари фароҳам овардани шароити беҳтари таълим ва кор, инчунин ҷиноятҳои навро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, дар ҳамоиш масъалаи киберҷинояткорӣ ҳамчун яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Гуфта шуд, ки дар шароити муосир, ҳимояи фазои иттилоотӣ ва истифодаи дурусти технологияҳои рақамӣ на танҳо вазифаи мақомоти дахлдор, балки уҳдадории ҳар як шаҳрванди бошуур мебошад.
Тазаккур дода шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва мубориза бо хурофоту таассуби динӣ, корҳои таблиғотӣ, чорабиниҳои маърифатӣ ва барномаҳои таҳлилӣ дар телевизиону радио бояд бештар ба роҳ монда шаванд. Зикр гардид, ки баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, дар бораи оқибатҳои радикализм ва хурофот метавонад яке аз роҳҳои самараноки пешгирии ин хатарҳо бошад.
Илова бар ин, Сафарзода Сафармад изҳор дошт, ки яке аз мушкилоти муҳими ҷаҳони муосир – қочоқи маводи мухаддир ва таъсири он ба ҷавонон мебошад. Ба ин хотир, давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд якҷоя барои коҳиш додани ин зуҳуроти манфӣ ва пешгирии нашъамандӣ байни ҷавонон чораҳои қатъӣ биандешанд. Бо назардошти он, ки қочоқи маводи мухаддир на танҳо ба саломатии инсон, балки ба амнияти миллӣ ва иқтисоди кишвар таъсири ҷиддӣ мерасонад, мубориза бо он бояд дар сатҳи қонунгузорӣ ва фарҳангии ҷомеа таҳким ёбад.
Дар идомаи ҳамоиш таъкид шуд, ки ҷиноятҳои муташакили фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои киберӣ, таҳдиди мустақим ба суботи давлат ва амнияти миллӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамин аст, ки роҳбарияти олии кишвар, бо сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пайваста ҷиҳати таҳкими сиёсати амниятӣ, пешгирии паҳншавии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва рушди низоми қонунгузорӣ иқдомоти муҳимро амалӣ месозанд.
Бо дарназардошти муҳимияти масъала, пешниҳод гардид, ки дар муассисаҳои таълимӣ барномаҳои иловагӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии донишҷӯён ва омӯзгорон роҳандозӣ гардад. Ҳамчунин, лозим дониста шуд, ки чорабиниҳои тарғиботию маърифатӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ густариш дода шаванд, то насли ҷавон бо паёмадҳои хатарноки ҷиноятҳои муосир бештар шинос шуда, ҳушёрии ҳуқуқии худро боло баранд.
Чорабинӣ бо баррасии масоили муҳими амниятӣ, нақши таълиму тарбия дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва роҳҳои пешгирии хатарҳои муосир идома ёфта, иштирокчиён вобаста ба мавзӯъҳои зикршуда мубодилаи афкор намуданд.
Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад.Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.
Бахши матбуот