Санаи 04.06.2026 ғолибони даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” – ро дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ самимона истиқбол намуданд.
Боиси ифтихор ва зикр аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 5 нафар донишҷӯ ва 1 нафар омӯзгор сазовори ҷойҳои намоён гардида ба даври минбаъда (шаҳрӣ) роҳ ёфтанд:
1. Ҷонгирова Мавлуда Юсуфҷоновна – аз рӯйи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, сазовори ҷойи 1-ум

;
2. Маҳмудзода Абубакр Ҳоким – аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир, сазовори ҷойи 2-юм

;
3. Холматова Шоҳсанам Ҳусейнова – аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм

;
4. Қадамов Қадам Гулбодович – аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир, сазовори ҷойи 3-юм

;
5. Карим Юсуф Дилшодович – аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир, сазовори ҷойи 3-юм

;
6. Раҳматов Абдулло Ҳикматович – аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, сазовори ҷойи 3-юм

;
Инчунин, қайд намудан ба маврид аст, ки дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 4 нафар донишҷӯён аз рӯйи номинатсияи физика, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ ғолибият ба даст оварда ба даври минбаъда (шаҳрӣ) роҳ ёфтанд:
1. Рабиев Юсуф Раҷабалиевич – аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, сазовори ҷойи 1-ум

;
2. Шарифова Шикебо Абдуллоҷоновна – аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, сазовори ҷойи 2-юм

;
3. Шамсиддинов Алишер Ҳакимович – аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, сазовори ҷойи 3-юм

;
4. Давлатов Юсуф Суҳробович – аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия, сазовори ҷойи 3-юм

;
Ғолибон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо мукофотҳои пулӣ, диплом, ифтихорномаҳо ва сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
Ин дастовардҳои назаррас натиҷаи заҳмати пайвастаи донишҷӯён, роҳбарияти муассиса ва омӯзгорон буда аз сатҳи баланди омодагии касбӣ ва таълимии муассиса шаҳодат медиҳад.
Бори дигар роҳбари муассиса, омӯзгорон ва ҳамаи донишҷӯёни ғолибро ба муносибати ғолибияташон дар даври ноҳиявии озмунҳои ҷумҳуриявӣ “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” самимона табрик намуда, ба ғолибон дар давраҳои минбаъда барору комёбиҳо таманно намуда, дар фаъолияти минбаъда, омӯзиши касб ва фатҳи қуллаҳои нави илму ҳунар комёбиҳои боз ҳам бештар орзу намуданд.