Рӯзи 4-уми июни соли 2026 дар толори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид, ки аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 4 нафар донишҷӯёни ғолибон бо мукофоти пулӣ, диплом, ифтихорнома ва раёсати коллеҷ бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ гардид.
Бояд зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”, ҳамасола бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.
Мақсад аз баргузории ин Озмун – рушди тафаккури илмӣ-техникӣ, ташвиқу тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкориву навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, дастрасии бештари ҷавонон ба технологияҳои муосир, инчунин ҷалби хонандагону донишҷӯён ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мебошад.
Боиси зикр аст, ки имсол дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ 4 нафар донишҷӯён аз рӯйи номинатсияи физика, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ ғолибият ба даст оварда ба даври минбаъда (шаҳрӣ) роҳ ёфтанд:
1. Рабиев Юсуф Раҷабалиевич – аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, сазовори ҷойи 1-ум 🥇;
2. Шарифова Шикебо Абдуллоҷоновна – аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, сазовори ҷойи 2-юм 🥈;
3. Шамсиддинов Алишер Ҳакимович – аз рӯйи номинатсияи зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, сазовори ҷойи 3-юм 🥉;
4. Давлатов Юсуф Суҳробович – аз рӯйи номинатсияи физика ва астрономия, сазовори ҷойи 3-юм 🥉;
Раёсати коллеҷи техникӣ ҳамаи ғолибони даври ноҳиявии озмунро бо ин дастовард табрику таҳният намуда, ба ғолибон дар давраҳои минбаъда барору комёбиҳоро таманно дорад.