Дар доираи Форуми байналмилалии малакаҳо Тоҷикистон – 2026, ки рӯзҳои 28-29 майи соли ҷорӣ дар Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, донишҷӯи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ Саидов Ҷалолиддин иштироки фаъолона намуда, маҳорати баланди касбии худро ба намоиш гузошт.
Дар мусобиқаҳои касбии форум ҷавонони синни аз 17 то 35-сола аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Туркия аз рӯйи номинатсияҳои «Барқчӣ», «Андовачӣ», «Кафшергари газию барқӣ» ва «Васлгари таҷҳизоти офтобӣ» байни ҳам рақобат намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбастии озмун донишҷӯи Коллеҷи техникӣ Саидов Ҷалолиддин дар номинатсияи «Барқчӣ» маҳорати баланди касбӣ, дониши назариявӣ ва малакаҳои амалии худро нишон дода, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ин дастовард нишонаи сатҳи хуби омодагии касбии донишҷӯён ва самаранокии фаъолияти омӯзгорону мутахассисони Коллеҷи техникӣ буда, барои дигар ҷавонон ҷиҳати азхуд намудани касбу ҳунар ва такмили малакаҳои касбӣ намунаи ибрат мебошад.
Роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони Коллеҷи техникӣ Саидов Ҷалолиддинро бо ин муваффақият самимона табрик намуда, дар таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи касбиаш барору комёбиҳои бештар орзу менамоянд.