Санаи 29.05.2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори шӯрои олимони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик Осимӣ
аз тарафи шуъбаи илм ва инноватсия ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ, конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ дар замони Истиқлол: таҷриба ва натиҷаҳо” башида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент – Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда қайд кард, ки
ин ислоҳоти бунёдӣ дар даврони Истиқлоли давлатӣ зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои устувори ҳуқуқиву сиёсии давлатдории миллиро фароҳам оварданд. Вай таъкид дошт, ки баргузории чунин конференсияҳо барои таҳлили амиқи дастовардҳои ҳуқуқӣ ва рушди тафаккури сиёсии ҷавонон аҳамияти бузург дорад.
Сипас, тибқи барномаи конференсияи илмӣ, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ Азизмамадова Зулфия ва мудири кафедраи химия ва экология Шарифов Неъматулло бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Азизмамадова Зулфия дар маърӯзаи худ паҳлуҳои муҳими таҳаввулоти ҳуқуқии кишварро мавриди таҳлили амиқ қарор дода, таъкид сохт, ки қабули Конститутсияи бахшояндаи миллат ва ислоҳоти пайвастаи ҳуқуқӣ имкон доданд, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардида, заминаи қонунгузории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ба вуҷуд ояд.
Шарифов Неъматулло масъалаи ислоҳоти сиёсиро бо меҳвари амнияти экологӣ ва рушди устувор пайванд дод. Мавсуф иброз дошт, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо, инчунин қабули қонунгузориҳои муосири экологӣ, нишони барҷастаи сиёсати созанда ва устувори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.
Пас аз шунидани маърӯзаҳо, миёни устодон, мутахассисон ва иштирокчиён мубоҳисаи озоду судманд доир гардид. Иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами таҳкими маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва нақши инноватсия дар рушди давлатдорӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён доштанд