Санаи 22.05.2026 дар толори шӯрои олимони коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати коллеҷ бо ташаббуси кафедраҳои физика ва телекоммуникатсия ва химия ва экология конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ барои амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” башида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Саҳми омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ” баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур меҳмононон: Тағоев Сафовидин Асоевич, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи техника ва энергетикаи гармои ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, Ҳафизов Давлатёр Шомуддинович, номзади илмҳои биология, дотсенти кафедраи тиббӣ – риёзии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Шоназаров Ҳамид Назардодович, сардори шуьбаи рушди стратеги ва идоракуни сифати тахсилоти Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалӣ сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иштирок ва маърӯза намуданд.
Конференсияро директори коллеҷ, муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда, қайд намуд, ки
баргузории чунин конференсияҳои илмӣ – назариявии сатҳи ҷумҳуриявӣ дар замони муосир муҳим ва саривақтӣ мебошад. Таъкид гардид, ки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ заминаи асосии пешрафти илму техника ва инноватсия дар кишвар ба шумор рафта, омӯзиши амиқи ин фанҳо барои дарёфти роҳҳои илмии пешгирии офатҳои табиӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим нақши калидӣ дорад. Низомзода З.М. инчунин изҳори умедворӣ намуд, ки натиҷаҳо ва тавсияҳои конференсия барои рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ, маориф ва ҳалли мушкилоти экологии ҷумҳурӣ мусоидат хоҳанд кард.
Пас аз сухани ифтитоҳии директор, муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент – Азимов Холиқназар баромад намуда, меҳмононро муаррифӣ намуда, қайд кард, ки конференсияи илмӣ – назариявии имрӯза боз як қадами устувор дар ҷодаи татбиқи дастурҳои Пешвои миллат ҷиҳати рушди тафаккури техникии насли ҷавон мебошад. Азимов Х.Ҳ. таъкид кард, ки ҳузури чунин олимони барҷастаи соҳа имкон медиҳад, ки робитаи илми назариявӣ бо амалия мустаҳкам гардида, донишҷӯён аз навовариҳои охирини илмӣ бохабар шаванд.
Сипас, тибқи сенарияи конференсия Тағоев Сафовидин Асоевич, номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедраи техника ва энергетикаи гармои ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ дар мавзӯи «Истифодаи захираҳои барқароршавандаи энергия дар нерӯгоҳҳои барқи ҳароратӣ» маърӯза намуда, роҳҳои муосири коҳиш додани партови газҳои зарарнокро ба атмосфера тавассути технологияҳои “сабз” нишон дод.
Ҳафизов Давлатёр Шомуддинович, номзади илмҳои биология, дотсенти кафедраи тиббӣ – риёзии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода дар мавзӯи «Саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти норасоии об» маърӯза намуда, ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон ва Пешвои миллатро дар дипломатияи оби ҷаҳонӣ барои пешгирӣ аз буҳронҳои экологию табиӣ баррасӣ кард.
Ҳамзамон, Шоназаров Ҳамид Назардодович, сардори шуьбаи рушди стратеги ва идоракуни сифати тахсилоти Донишкадаи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишгоҳи байналмилалӣ сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар мавзӯи «Рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва технологияи рақамӣ дар доираи зерҳи сунъӣ: таҳаввулоти илмӣ-техникӣ дар солҳои 2025 – 2026» суханронӣ карда, нақши моделсозии компютерӣ ва зеҳни сунъиро дар пешгӯии барвақти офатҳои табиӣ ва таҳлили тағйирёбии иқлим муҳим арзёбӣ намуд.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳо, муовини директор оид ба таълим Одинаев Раҳмоналӣ баромад намуда, қайд кард, ки чунин конференсияҳои илмӣ-амалӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҳавасмандии донишҷӯён ба фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ нақши калидӣ мебозанд. Одинаев Р.С. таъкид намуд, ки ворид кардани технологияҳои рақамӣ ва усулҳои муосири илмӣ ба раванди таълим имкон медиҳад, ки сатҳи донишомӯзии ҷавонон боло рафта, маводҳо ва натиҷаҳои ин конференсия дар дарсҳои амалӣ ва озмоишии кафедраҳо истифода хоҳанд шуд.
Дар охири конференсия байни иштирокчиён ва баромадкунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт, ки маърӯзачиён ба саволҳои пешниҳодгардида посуҳои дақиқ гардонида, ба иштирокчиёни чорабинӣ таасуроти нек боқӣ монданд ва конференсия бо пешниҳоди тавсияҳои илмӣ-амалӣ муваффақона ҷамъбаст карда шуд.