Санаи 12.05.2026 дар толори Шурои олимони Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» дар байни донишҷӯёни факултетҳои коллеҷ баргузор гардид.
Сараввал муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Х.Ҳ., муҳтавои озмунро ба иштирокчиён шарҳ дода, имтиёзҳоро фаҳмонида, ба иштирокчиёни озмун муваффақият тамано намуда қайд кард, ки мо ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷи техникӣ вазифадорем, ки сиёсати пешгирифтаи маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳама самтҳои илму дониш дастгирӣ намоем.
Бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат дар байни аҳолии ҷавони мамлакат, бахусус донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор мегардад.
Чуноне, ки ба мову Шумо маълум аст, озмуни мазкур дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, бо ибтикори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Айни замон мо даври аввали озмуни мазкурро гузаронидем.
Боиси тазаккур аст, ки тибқи низомнома, Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» аз ду давр иборат буда, аз моҳи май то октябри соли 2026 баргузор мегардад.
Озмуни мазкур дар асоси Низомнома донишҳои азбарнамудаи иштирокчиёни озмун тибқи мазмуни асарҳои Пешвои миллат муайян гардид, ки аз ҷумла:
– донистани маълумоти муфассал доир ба асарҳои Пешвои миллат;
– доштани маълумот оид ба ҳаёт ва фаъолияти Пешвои миллат;
– қобилияти нақлу тафсири воқеаҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– баёни порчаҳои муҳимми асарҳо, асоснокунии дастовардҳо, корнамоӣ ва ободкориҳои Пешвои миллат;
– донистани санадҳои муҳимми меъёрии ҳуқуқӣ оид ба мақоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– донистани мероси таърихию фарҳангии модиву маънавии халқи тоҷик;
– донистани сарчашмаҳои таърихӣ ва асарҳои илмию бадеӣ, ки дар асарҳои Пешвои миллат истифода шудаанд;
– қобилияти суханварӣ, озодбаёнӣ ва ровигӣ.
Ҳамчунин ғолибони даври аввали озмун муайян гардида, барои иштирок дар даври дуюм роҳхат ёфтанд ва барои омодагии ҷиддӣ дар даври дуюм тавсияҳо дода шуд.
Дар охир ба ғолибони даври якуми озмуни мазкур супориш дода шуд, ки барои нуфузи коллеҷ кушиш намуда, дар даври ҷамъбастии озмун омодагии хуб бинанд ва муаррифгари худ ва коллеҷ гарданд.