Санаи 08.05.2026 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори китобхонаи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик Осимӣ
аз тарафи шуъбаи илм ва инноватсия ва раёсати ташкилӣ – тарбиявӣ, конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлол: воқеият ва дурнамо” башида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Конференсияро муовини директор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои техникӣ, дотсент – Азимов Холиқназар оғоз бахшида, иштирокчиёнро шодбош намуда қайд кард, ки Истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик буда, заминаи асосии рушди илму маориф ва технологияҳои муосирро дар кишвар фароҳам овардааст.
Қайд карда шуд, ки дар давоми 35 соли Истиқлолият, бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллеҷу литсейҳо ва донишкадаю донишгоҳҳои техникӣ, ба куллӣ нав карда шуданд. Имрӯз ҷавонони мо имкон доранд, ки бо истифода аз технологияҳои муосир ва китобхонаҳои рақамӣ ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шаванд ва дар рушди инноватсионии кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд
Сипас, муовини директор оид ба тарбия Сафаров Илҳомҷон дар баромади худ нақши Истиқлолиятро дар ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстию худогоҳии миллӣ муҳим арзёбӣ намуда қайд кард, ки ҷавонони даврони Истиқлол созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони маҳбуб мебошанд. Маҳз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит фароҳам овард, ки насли ҷавон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла илм, техника ва идоракунии давлатӣ мавқеи пешсафро ишғол намояд. Сафаров И. таъкид дошт, ки ҳифзи ин дастовардҳои таърихӣ ва устувор нигоҳ доштани ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як донишҷӯ ва устоди коллеҷамон мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ сардори шуъбаи илм ва инноватсия – Гулов Наврӯз доир ба пешрафтҳои соҳаи илм ва татбиқи амалии лоиҳаҳои инноватсионии донишҷӯёну устодони коллеҷ дар даврони соҳибистиқлолӣ гузориш дода қайд кард, ки дар замони муосир илм ва инноватсия муҳаррики асосии пешрафти иқтисодиёти миллиро ташкил медиҳанд. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ заминаҳои қонунгузорӣ ва моддию техникии соҳаи илм дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ комилан навсозӣ шуданд.
Сипас, мудири кафедраи забонҳо – Раҳимзода Баҳодур баромад намуда қайд кард, ки рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла саноат, энергетика ва нақлиёт, бевосита ба сатҳи омодасозии кадрҳои баландихтисоси техникӣ вобастагӣ дорад. Маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ бо ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар шароити таълиму тарбия дар кафедраҳои махсуси муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик карда шуд.
Ҳамзамон мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқ – Азизмамадова Зулфия дар мавзуи заминаҳои ҳуқуқии давлатдории миллии тоҷикон ва арзишҳои таърихии он суханронӣ карда иброз дошт, ки Истиқлолият заминаи устувори ҳуқуқии кишварро гузошта, ба эҳёи таъриху фарҳанги миллӣ омил гардид. Маҳз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун бахтномаи миллат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат дода, роҳи рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро муайян намуд.
Инчунин, мудири китобхона – Турдиева Мавҷуда баромад намуда, оид ба нақши китобхонаҳо дар боло бурдани маърифати сокинон ва фароҳам овардани шароити муосири китобхонӣ барои насли наврас дар ин давра маълумот дода қайд кард, ки китобхонаҳо ҳамчун махзани илму маърифат дар замони Истиқлолият мавқеи махсус пайдо намуданд. Бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии кишвар, имрӯз китобхонаи коллеҷ бо адабиёти нави илмӣ, таълимӣ ва бадеӣ таъмин буда, дастрасии донишҷӯён ба китобхонаҳои рақамӣ ва шабакаи интернет пурра ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷамъбасти конференсия иштирокчиён доир ба масъалаҳои баррасӣ вазифаҳои навбатиро барои рушди минбаъдаи корҳои илмию тарбиявии муассиса муайян намуданд.