Рӯзҳои 30 апрел то 1 майи соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ аз фанҳои таълимии математика, физика, химия, биология, информатика, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони англисӣ ва таърихи халқи тоҷик баргузор ва ҷамъбаст гардид, ки дар он донишҷӯён аз ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ иштирок намуда, бо ҳам рақобат намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки санаи 02.05.2026 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони олимпиада дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар он донишҷӯёни коллеҷи техникӣ аз рӯи 6 фан сазовори ҷойҳои намоён ва ифтихорӣ гардида, ғолибон дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ шуданд.
1. Сайдуллоев Ҳасан Азаматович – ғолиби ҷойи 1-ум аз фанни “Физика”
2. Амонзода Баҳриддин Почохон – ифтихорӣ, аз фанни “Математика”
3. Мираков Ризо Хубоншоевич – ифтихорӣ, аз фанни “Физика”
4. Яъқубова Насиба Кароматуллоевна – ифтихорӣ, аз фанни “Химия”
5. Шарипова Дилноза Дилшодовна – ифтихорӣ, аз фанни “Забон ва адабиёти тоҷик”
6. Негматов Муҳаммад Абубакрович – ифтихорӣ, аз фанни “Забони русӣ”
Раёсати Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ таҳти роҳбарии директори муассиса муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам мунтазам кӯшиш ба харҷ медиҳад, то барои донишҷӯён озмоишгоҳҳои муосир, китобхонаҳои бой ва маҳфилҳои илмӣ дастрас бошанд. Қадрдонии донишҷӯёни лаёқатманд ва устодони онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мост, зеро маҳз ҳамин ҷавонон ояндасози ватани азизамон мебошанд.