Санаи 24 феврали соли 2026 директори Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ муҳтарам Низомзода Зокирҷон Мукарам бо аҳли раёсат ва иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм фурӯғи маърифат”, “Шоҳномахонӣ”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” ва олимпиадаҳои фаннӣ вохӯрии судманд баргузор намуданд.
Директори коллеҷ Низомзода З.М. зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки имрӯз бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои илмомӯзии ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст.
Қайд гардид, ки ҷавонони мо болаёқат ва муаррификунандаи воқеии нуфузи коллеҷ ва ояндасози ин миллат ҳастанд. Иштироки фаъолонаи донишҷӯёни коллеҷи техникӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ гувоҳи он аст, ки онҳо ба китобхонӣ ва аз худ кардани илмҳои дақиқ таваҷҷуҳи хос доранд.
Зимни вохурӣ масъулин вобаста ба тартиб ва муҳлати баргузории даври ноҳиявии озмунҳои мазкур, ки аз моҳи апрел – майи соли ҷорӣ оғоз ва ҷамъбаст мегарданд, маълумоти муфассал пешниҳод карданд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии ин озмунҳо таҳкими фарҳанги китобхонӣ, рушди ҷаҳонбинии илмӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мебошад.
Дар раванди мулоқот масъулини озмунҳо ва иштирокчиён фикру мулоҳизаҳои худро доир ба ҷараёни омодагӣ ба озмунҳо баён дошта, барои дастгириҳои доимӣ ба роҳбарияти коллеҷ миннатдорӣ намуданд. Дар анҷом, аз ҷониби директор ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани маҳфилҳои илмӣ ва адабӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд. Иштирокчиён бошанд аз дастовардҳои раёсати коллеҷ изҳори сипос намуда, омодагии худро барои иштироки фаъолона ва сазовор дар даврҳои минбаъда баён доштанд.