Санаи 13.03.2026 дар толори маҷлисгоҳи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» дар мавзӯи «Саҳми рақамикунонии иқтисодиёт дар рушди саноатикунонии босуръати кишвар», бо ташаббуси шӯъбаи илм ва инноватсия дар пояи кафедраи иқтисодиёт ва идораи коллеҷ, конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур Муминова Фирӯза Маҳмудовна – сардори шӯъбаи иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ, намояндагони раёсат ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷи техникӣ иштирок намуданд.
Муовини директор оид ба таълим, Одинаев Раҳмоналӣ ба сухан баромада, меҳмонон ва иштирокчиёнро хушомадед гуфта, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ санаи 28.12.2024 ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуданд, ки барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имконияти технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025 -2030 дар Тоҷикистон Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд.
Дар марҳалаи нави тараққиёти ҷумҳурӣ, таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Таъкид гардид, ки истифодаи ҳамаҷонибаи технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт барои расидан ба ҳадафи чаҳоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат нақши калидӣ дорад.
Сипас, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар ҷиҳати пешбурди кори конференсия ба сухан баромада, меҳмонро муаррифӣ намуда, ҳозиринро шодбош гуфта, қайд намуд, ки мақсади асосии конференсия, баррасии нақши технологияҳои муосир дар рушди соҳаи саноат, таҳкими заминаҳои илмии иқтисоди рақамӣ ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат дар самти инноватсия мебошад.
Сипас, тибқи сенария, Муминова Фирӯза Маҳмудовна – сардори шӯъбаи иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсияи Институти иқтисодиёт ва демографияи АМИТ дар мавзӯи Афзалиятҳои рушд дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (пайваста бо рушди иқтисодиёти рақамӣ)”, Ҳакимов Зайиржан Рузибаевич – муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалии коллеҷи техникӣ дар мавзӯи “Рақамикунонии саноат ҳамчун омил таъмини рақобатпазирии он”, Хаёлов Саҳбо – ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идораи коллеҷи техникӣ дар мавзӯи “Аҳамияти иқтисоди рақамӣ ва нақши он дар рушди истеҳсолот” Қосимова Муҳибахон – муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва идораи коллеҷи техникӣ дар мавзӯи “Таджикистан поэтапно продвигает цифровизацию во все сферы жизни общества” баромад намуда, маърӯза намуданд.
Пас аз анҷоми маърӯзаҳо, иштирокчиёни конференсия ба баромадкунандагон дар доираи маърузаҳояшон саволҳо дода шуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Аз баргузории конференсия иштирокчиён рӯҳияи тоза гирифта, қайд намудуанд, чунин чорабиниҳои илмии сатҳи байналмилалӣ бо иштироки олимони ватанию хориҷӣ дар мавзӯъҳои гуногуни иқтисодӣ пайваста ба роҳ монда шавад.