РОЗИ БАҲОР
Омадам, то наҳкате бар боғу бӯстон оварам,
Бӯи атромезро бар гулъузорон оварам.
Омадам, то сабз созам зери пойи дилбарон,
Омадам,то чаҳ-чаҳи мурғони хушхон оварам.
Омадам,то шод созам хотири ҷононаро,
Гулфишон созам ҳама бому дару кошонаро.
Омадам,то марди деҳқон кишт созад мазрааш,
Омадам то сабз созам дар заминҳо донаро..
БОДИ БАҲОР МЕВАЗАД
Боди баҳор мевазад,
Дар сари ман хаёли ту.
Кош, ҷавоб ӯ диҳад,
Бар ҳамаи саволи ту.
Гесӯи атрзеби худ,
Бонуи ишқ шона зад.
Усма ба абрувон кашид,
Шавқи дилаш забона зад.
Бидида рӯ ба рӯи худ,
Дар оина фариштае.
Хандаи меҳрбор кард,
К-ӯ зи вафо сариштае.
Дод суолаш ин саҳар,
Аз чӣ шитоб мекунӣ?
Қалби шикастаи маро,
Боз кабоб мекунӣ?
Нозу ниёзу розро,
Дур намуд аз бараш.
Хост умед аз Худо,
Кош ту бошӣ ҳамсараш.
БОРОНИ БАҲОР
Дар таровишҳои борони баҳор,
Бо садои шӯхи оби чашмасор.
Месурудам бо мақоми интизор,
Ғамбарорам гашта, эй ёр, ёр!
Чашмаи шодоби илҳоми манӣ,
Кабки хушовою хушхони манӣ.
Ташналаб гулбарги гулнози туям,
Эй, биё борони найсони манӣ!
Ришта-ришта мӯйҳоямро бишӯ,
Атри рухсори сафедамро бибӯ.
Пайкари эҳсосу меҳрамро биҷӯ,
Бо дигарҳо ҳар чӣ мебинӣ, нагӯ.
Ғамбарорам гаштаӣ эй ёр, ёр,
Дар раҳат ҳастам ҳамеша интизор.
Нек медонӣ,ки ҳастам дилфигор,
Кай бигири дилбаратро бар канор?!
Нуринисо АКРАМОВА, мудири бахши фарҳанги Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ