Санаи 11.03.2026 дар толори фарҳангии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо иштироки Ансорӣ Наҷмиддинов, меъмор-дизайнер ва муассиси студияи Different Design, намояндагони раёсат, ва омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ семинари илмӣ -амалӣ дар мавзӯи “Аз донишҷӯ то мутахассиси муваффақ: имкониятҳои касби сохтмончӣ ва меъморӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон” баргузор гардид.
Чорабиниро муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар оғоз бахшида, меҳмонону иштирокдоронро шодбош гуфта, қайд намуд, ки рушди соҳаи сохтмон ва меъморӣ ба омодасозии мутахассисони баландихтисос вобастагии калон дошта, меъморон ва сохтмончиёни ҷавонон бо истифода аз имкониятҳои фароҳамшуда донишҳои муосирро аз худ менамоянд ва ҳамчун мутахассисони рақобатпазир дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Қайд карда шуд, ки дар шароити рушди босуръати иқтисодию иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳаи сохтмон ва меъморӣ яке аз бахшҳои муҳими пешрафта ба ҳисоб рафта, соҳаи мазкур на танҳо барои бунёди инфрасохтори замонавӣ, балки барои ташаккули муҳити зисти бароҳат ва зебои шаҳрҳои Тоҷикистон ва маҳалҳои аҳолинишин нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ яке аз вазифаҳои муҳими Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ ба ҳисоб меравад.
Сипас, Ансорӣ Наҷмиддинов, меъмор – дизайнер ва муассиси студияи Different Design ба сухан баромада дар мавзӯи “Аз донишҷӯи меъморӣ то меъмори муваффақ, таҷриба имкониятҳо ва муваффақият” маърӯза намуда, қайд кард, ки роҳи расидан ба муваффақият дар соҳаи меъморӣ аз талоши пайваста, омӯзиши доимӣ ва рушди малакаҳои касбӣ вобастагии зиёд дорад.
Ҳамчунин, Ансорӣ Наҷмиддинов аз таҷрибаи шахсии худ ёдовар шуда, бо нишон додани якчанд лоиҳаҳои муваффақе, ки аз тарафи ӯ тарҳрезӣ шуда, мавриди истифода қарор гирифтаанд ба донишҷӯён маслиҳат дод, ки барои расидан ба натиҷаҳои баланд бояд пайваста донишҳои худро такмил дода, дар озмунҳо, лоиҳаҳо ва таҷрибаомӯзиҳои гуногун фаъолона иштирок намоянд. Номбурда зикр кард, ки танҳо тавассути меҳнати содиқона, эҷодкорӣ ва истифодаи имкониятҳои нав метавон ба муваффақиятҳои назаррас дар соҳаи меъморӣ ноил гардид.
Ансорӣ Наҷмуддинов таъкид намуд, ки донишҷӯён бояд дар баробари донишҳои назариявӣ ба рушди қобилиятҳои эҷодӣ, омӯзиши технологияҳо ва барномаҳои муосири тарҳрезӣ, инчунин ба даст овардани таҷрибаи амалӣ диққати махсус диҳанд. Зеро, имрӯз дар шароити рушди босуръати шаҳрсозӣ ва сохтмон талабот ба меъморони ҷавону соҳибмаҳорат рӯз то рӯз меафзояд.
Баъдан мудири кафедраи сохтмон ва меъморӣ Фозилов Зарифбек ба сухан баромада қайд кард, ки дар кафедра барои омода намудани мутахассисони баландихтисос тамоми имкониятҳоро фароҳам оварда шудааст. Фозилов З.Қ. зикр намуд, ки дар раванди таълим истифодаи усулҳои муосири омӯзиш, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва гузаронидани машғулиятҳои амалӣ нақши муҳим мебозанд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамкории зич бо ташкилоту муассисаҳои соҳаи сохтмон ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки донишу малакаҳои назариявии худро дар амал татбиқ намоянд. Аз донишҷӯён даъват карда шуд, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, такмили маҳорати касбӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи меъморӣ ва сохтмони кишвар пайваста талош намоянд.
Дар охир иштирокдорони чорабинӣ бо маърузачиён саволу ҷавоб намуда, аз посухҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаҳои касбии донишҷӯён, шиносоии онҳо бо таҷрибаи муосири соҳаи меъморӣ ва сохтмон, инчунин омодасозии мутахассисони ҷавони рақобатпазир аҳамияти муҳим дорад.