Модарам, эй модари ҷонпарварам.
Пеши поят сар ниҳам, эй сарварам.
Кқдакам ман дар нигоҳат то ҳануз,
Мегузори дасти шавқат бар сарам.
Ҳамасола 8-март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯзи модарон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана яке аз рӯзҳои муҳими тақвимӣ буда, ба қадршиносӣ ва эҳтироми занону модарон бахшида шудааст. Модар шахси азизтарин ва муқадастарин барои ҳар як инсон мебошад. Маҳз модар ба инсон ҳаёт мебошад,уро тарбия мекунад ва ба роҳи дурусти зиндаги ҳидоят менамояд. Таърихи пайдоиши 8-март рузи байналмилалии занон аввалин бор дар авали асри 20 ба хотири ҳимояи ҳуқуқҳои ба баробарҳуқуқи онҳо таъсис дада шуд. Ба гузашти вақт ин сана дар бисёр кишварҳо ба иди умуми миллии табдил ёфт. Дар ҶТ низ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, ин рӯз ҳамчун рӯзи модарон расман чашн гирифта мешавад. Мақсад аз таҷлили он баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва арҷгузорӣ ба хизматҳои модарон мебошад. Модар сарчашмаи меҳру муҳабат, покӣ ва садоқат аст. Нақши модар дар ҳаёти инсон хелобузург мебошад.Тарбияи фарзанд ва ташакули шахсияти ӯҳифзи арзишҳои миллии Ва фарҳанги нигодори муҳити солими оила иштирок дар ҳаёти иҷтимойва иқтисодии ҷомеа,бе модар оила ва ҷомеа пеш рафта наметавонад. Зан модар на танҳо дар хона, балки дар соҳаҳои гуногуни давлатдорӣ, маъориф, тиб, фарҳанг ва иқтисод фаъолона иштирок менамояд. Мақоми зан дар Тоҷикистон солҳои охир дар ҷомеаи имрӯза хело баланд гардидааст. Давлат барои ҳифзи ҳуқуқи манфиатҳои занон татбирҳои муҳим меандешад. Занон имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунонда фаъолият мекунанд, дар соҳаи илм,сиёсат ва соҳибкорӣ саҳми арзанда дорад.
Намоёни Ҷумахон, ассистенти кафедраи молия ва ҳисобдории Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ
