Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 №АП-862 Дар бораи гузаронидани Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар соли 2026, инчунин тибқи дастури Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 27.02.2026 дар толори китобхонаи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ даври аввали (муассисавии) озмуни ҷумҳуриявии “Шохномахони” баргузор гардид.
Дар озмун муовини директор оид ба илм ва инноватсия, мудири кафедраи забонҳо, мудири китобхона ва омӯзгорону донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Сараввал муовини директор оид ба илм ва инноватсия Азимов Холиқназар ба сухан баромада, муҳтавои озмунро ба иштирокчиёни озмун шарҳ дода, зимни суханронӣ аҳаммияти баргузории озмуни мазкурро дар самти тарғиби арзишҳои фарҳангиву маънавии ниёгон муҳим арзёбӣ намуда, зикр кард, ки «Шоҳнома» ҳамчун асари безавол дар таҳкими худшиносии миллӣ нақши муҳим дошта, баргузории ин озмун барои боло бурдани маърифати хонандагон ва донишҷӯён айни муддаост.
Сипас, иштирокчиёни озмун баромад намуда, бо шавқу ҳавас аз «Шоҳнома»-и безаволи Абдулқосим Фирдавсӣ васф намуда, аз достонҳои машҳур қироат намуданд ва сатҳи баланди донишу ҷаҳонбинии адабии худро нишон доданд.
Дар охир, маҳорати иштирокдорон аз ҷониби ҳакамон холгузори гардида натиҷаҳо ҷамъбаст гардида аз тарафи комисия озмун хулоса бароварда шуд, ки иштирокдорони зикргардида ба даври ноҳиявӣ сафарбар мегарданд.




