“Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба неруи қудратманд табдил ёфта, ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат ва таъмини амнияти шаҳрвандонро таъмин менамояд” Эмомали Раҳмон Ҳар кишвар дорои Артиши милии худ аст, Артиши миллии Тоҷикистон замоне таъсис дода шуд, ки вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар он рӯзҳо дар ҳолати ноором қарор дошт ва низомиёни касбӣ ҳам дар кишвар кам буданд, вале имрӯз бо як шакле Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Артиши миллӣ нишон аз пойдории давлату миллат ба шумор рафта, он ҳамчун рукни муҳим дар сулҳу амнияту ҳифзи марзу бум ҳамчун сипари боэътимод фаъолият мекунад. Артиш дар таърихи давлатдорию кишваркушоиҳои бесобиқаи шоҳони таърихӣ ҳамчун омили ба даст даровардани сарзамину мояи васеъ намудани ҳудуди ҳукмронии салтантхоҳони замон ва ҳимоят аз таъсири қувваҳои харобиовари берунаву дохила эътироф гардидааст. Барои бунёди Артиши миллӣ дар Тоҷикистон замони таъсисёбиш заминаҳои моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. 18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки артиши миллӣ дар заминаи он дар заминаи «Фронти халқи тоҷик» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро аз тарафи шахсони ваколатдор ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд. Имрӯз Ҳукумати мамлакат баҳри мустаҳкам намудани қобилияти амнияти кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ҳарбиён ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони ҳарбӣ баргузор гардид. Ба ҳамин тартиб, аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зиддитеррористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо гузаронида мешаванд. Баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳарбии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм мебошад. Дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ ва кафолати таъмини амнияту оромии мамлакат буда, афсарону аскарон муҳофизони сарпурдаи Истиқлолияти давлатӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон ба ҳисоб меравад. Бешубҳа, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон бузургтарин мактаби обу тобу мардонагӣ, нангу номус, иродаи қавӣ, садоқат ба Ватану Модар, эҳтироми арзишҳои волои зиндагӣ ва шараф мебошад. Чи гунае, ки шоири бузургвор Мирзо Турсунзода дар достони “Писари Ватан” чунин навиштааст, ки: Шараф чизи таҷовузнопазир аст, Ҳар он кас, ки шараф дорад, кабир аст, Муқаддас дошт ҳар кас ки шарафро, Набинад ҷабри зулми нохалафро. Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун сипари боэътимоди давлатдорӣ ва рамзи истиқлолият дар таърихи навини кишвар мавқеи хоса дорад. Ҳамасола 23-феврал мардуми шарифи Тоҷикистон ин рузро бо эҳтиром ва ифтихор ҷашн мегиранд, зеро неруҳои мусаллаҳи кишвар амният ва суботи давлатро таъмин менамоянд. Аз фурсати мусоид истифода намуда, тамоми хизматчиёни ҳарбиро бо ифтихори истиқболи ҷашни 33 – юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими қалб табрику таҳният намуда, осмони соф, иқболи баланди хизмати содиқон ва софдилона ба халқу миллати диёри азизамон таманно дорам. Раҳмоналӣ ОДИНАЕВ, муовини директор оид ба таълими Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ