“Артиши миллии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба нерӯи қудратманд табдил ёфта, ҳифзи боэътимоди марзу буми давлат ва таъмини амнияти шаҳрвандонро таъмин менамояд” Эмомалӣ Раҳмон Аз таъсиси Артиши миллӣ 33 сол пур мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи Истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои навтаъсис, алалхусус давлатҳои мустақили Осиёи марказӣ дар заминаи биною иншооти амнияти ҳарбидошта, қувваҳои мусаллаҳи хешро бунёд намуданд. Таърихи каҳрамонию шуҷоат, далерию матонати падарону бобоёни мо бар ҳар як хизматчии ҳарбӣ дарси ибрат аст ва ташаккули хусусияти миллӣ доштани артиш, муносибати халқ ба хизмати ҳарбӣ ва эҳтироми мардуми Тоҷикистон ба заҳмати ҳарбиён таъсири нек мерасонад. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва ин рӯз расман санаи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон эълон карда шуд. Бахшида ба рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ дар Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон, бахусус Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ баҳри баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва тартибу интизоми қавӣ корҳои зиёде амалӣ мегарданд. Ҳар як давлати соҳибистиқлол дар ҳифзи суботу амнияти худ ба Артиши миллӣ такя мекунад. Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчунин, таърихи беш аз 33-солаи Артиши миллии худро собит намуд, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат ва пуштибонии сулҳу субот хизматҳои беназир намудааст. Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд. Бо мурури замон Артиши миллии Тоҷикистон ба яке аз нерӯҳои пурқудрат табдил ёфт. Ин албатта кӯшишу ғайрати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини суботу амният, осоиштагии ҳаёти мардум, мустаҳкам кардани марзу буми кишвар буд. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 43 – юм омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”. Дар ҳақиқат ҳам ҳифзи ватану амнияти халқ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси солимфикр ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин ҳам ҳар сол ҷавонони Тоҷикистон бо азму иродаи хеш барои хизмат дар сафи қувваҳои Артиши миллӣ ариза месупоранд ва содиқона дар сафҳои артиш хизмати Модар-ватанро ба ҷо меоранд ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан барои ҳар як ҷавон вазифаи аввалиндараҷа мебошад. Дар симои мард ҳар як зан шахси боирода, ҷасуру далер, шуҷоу нотарс ва ҳимоятгару содиқро дидан мехоҳад. Дар солҳои аввал вазъият дар ин самт душвор буд,аммо имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хама мушкилихоро паси сар намуда,ба сӯйи қуллаҳои баланд ҳаракат карда истодаст. Вазифаҳои Артиши миллӣ 1. Ҳимояи амну амнияти мардум 2. Ҳифзи марзу буми Ватан 3. Безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву ифротгаро 4. Хомуш кардани ошӯбҳои хиёнатгарона бар зидди давлат ва ҷомеа Бинобар ин, мо бояд шукронаи Истиқлолият намоему дар обод кардани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем. Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардум ба ҳисоб меравад. Артиш вазифаи бузурги мудофиавӣ буда, меҳру муҳаббати фарзандро нисбат ба падару модар боз ҳам бештар мекунад, ба онҳо дарси зиндагиву ҷавонмардиро меомӯзад. Ин рӯз барои тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба Артиши миллӣ ва омодагӣ ба ҳифзи Ватан аҳамияти калон дорад. Дар муассисаҳои таълимӣ дарсҳои тарбиявӣ, вохӯриҳо бо хизматчиёни ҳарбӣ ва озмунҳои ватандӯстона баргузор мешаванд. Имрӯз дар шароити тағйирёбии вазъи сиёсии ҷаҳонӣ, таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва қочоқи маводи мухаддир, нақши Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам муҳимтар мегардад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои сарҳади тӯлонӣ мебошад, барои таъмини амнияти сарҳадҳо ва суботи дохилӣ неруҳои ҳарбии омодабош дорад. Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ хизмат мекунанд. Артиши миллӣ рамзи истиқлолият, якпорчагии давлат ва ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Таҷлили ҳамасолаи 23 феврал на танҳо қадршиносӣ аз хизматчиёни ҳарбӣ, балки арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ватандӯстӣ аст. Хуршед ШОДМОНОВ, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ