Санаи 11-уми феврали соли 2026 дар коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бо мақсади ҷалби хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои гирифтани таҳсилоти миёнаи касбӣ ва шиносоӣ бо равия, ихтисосҳо, заминаи моддию техникӣ ва шароити таълиму тарбия дар коллеҷи техникӣ “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида шуд, ки дар он намояндагони коллеҷи техникӣ ва хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей ва гимназияҳои шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Намояндагони коллеҷ хатмкунандагонро пазироӣ намуда, ба онҳо маводи тарғиботиву ташвиқотӣ, аз ҷумла рӯзноми коллеҷ, буклет ва дигар маводҳои таблиғотиро тақдим карданд. Довталабон зимни шиносоӣ бо заминаи моддию техникии коллеҷ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳо, марказҳои тестӣ, китобхона, намоиши китобҳо, дастовардҳои илмию таҳқиқотӣ ва фарҳангию варзишӣ таассуроти неку фаромӯшношуданӣ бардоштанд.
Сипас, дар толори маҷлисгоҳи коллеҷ бо хатмкунандагон вохӯрӣ баргузор гардид,
ки дар он намояндагони коллеҷи техникӣ
ихтисосҳои коллеҷро муаррифӣ намуда, доир ба муҳиммияти таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, илму маърифат ва забономӯзӣ барои ҷавонон, фаъолияти гуногунҷанбаи коллеҷи техникӣ аз ҷумла шарту шароити таҳсил, заминаи мустаҳками моддию техникӣ ва имтиёзҳо барои донишҷӯён ибрози андеша намуданд.