Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ин масъала, ки дарди рӯз мебошад, чунин иброз менамояд: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
ҶумҳурииТоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ-бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд.
ҶумҳурииТоҷикистон ҳамчун давлати тозаистиқлол, ки 35-солагии онро дар фазои суботи сиёсии осуда таҷлил менамояд, дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон аз таъсири имконпазири рӯйдоду таҳаввулоти манфии ҷомеаи ҷаҳонӣ истисно намебошад.
Шиддати ин хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, мутаассифона, имрӯз ҳам паст нашудааст. Аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вақтҳои охир дастгир шудани гурӯҳҳои ҷиноятие, ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост,ба монанди дигар мухолифоне,ки берун аз ватан ҳастаанд барои ноормии ватанамон, нисбати гумроҳи ҷавонон сайъу кушиш менамоянд, ки мо бояд ҷавонон зиракию ҳушёриро аз даст надиҳем фирефтаи чунин хоинони милати азмзамон нагардем.
Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда мебошад.
Терроризм ва экстремизми динию мазҳабӣ имрӯз ба як хатари бузурги ҷаҳонӣ табдил ёфта, боиси харобиву куштор ва фирорӣ гардидани одамон шудааст. Ваҳшату даҳшат ва оқибатҳои хунбори онро ҳаррӯз мо тавассути телевизион ва дигар воситаҳои ахбори омма мебинем ва мешунавем. Мо бояд ҳамарӯза ва пайваста ҷиҳати пешгирии чунин ҳодисаҳои нохуш дар кишварамон тадбирҳои зарурӣ андешем. Дар ҳамкорӣ бо падару модарон, мактабу маориф ва олимону зиёиён дар самти таълиму тарбияи фарзандон ва дар рӯҳияи созандагию меҳанпарастӣ тарбия кардани онҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монем.
Дар замони мо, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, фундаментализм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст?
Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад».
Дар замони мо шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кӯшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин зуҳурот дар тамоми гӯшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.
Сабабу решаҳои он дар чист ва омилу ангезаҳои он кадомҳоянд? Ба ин савол ҷавоби дақиқу мушаххас додан душвор аст. Ба ҳар ҳол баъзе сабабҳо, решаҳо, омилҳо ва ангезаҳои асосӣ ва умумии онро номбар кардан мумкин аст:
Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ).
Дуюм, ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.
Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зӯроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.
Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд, зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони ҳазорон нафарони дигар мегарданд.
Хоиноне, ки ба ватан хиёнат намуда, ба хориҷи кишвар паноҳ бурдаанд, пайваста ҷавононро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба гумроҳӣ бурда истодаанд. Ҷавонони мо бояд огоҳ бошанд ба ҳар гуна иғво дода нашуда аз пайи илмомузӣ ва рушди кишвар бошанд. Ҳаргуна шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад онҳоро ба ба ин гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шомил намояд.
Бояд ҳар як шаҳрванд, ҳар як фарди ин ҷомеа барои ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар талош варзад. Зеро ояндаи халқу миллати тоҷикро бе мавҷудияти давлати миллии тоҷикон тасаввур кардан ғайриимкон аст.
Раҳмонзода Муҳаммадсаид Бобоҷон, сардори раёсати ташкилӣ-тарбиявии Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ