Санаи 4-уми феврали соли равон дар Коллеҷи техникии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ бахшида ба ҷашни Сада бо ташаббуси раёсати коллеҷ чорабинии идона таҳти унвони «Сада омад – мужда аз Наврӯз» баргузор гардид. Нахуст дар саҳни бинои асосии коллеҷ анвои маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва маҳсулотҳои нонӣ ба маърази тамошо гузошта шуд. Чорабиниро директори коллеҷ Низомзода Зокирҷон Мукарам оғоз бахшида қайд намуд, ки боиси ифтихору хушнудист, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои муқаддаси ниёгон – Меҳргон, Сада, Тиргон ва Наврӯзро ҷашнҳои расмии миллӣ эълом дошта, барои ҷашнгирии бошукӯҳи онҳо талоши самимӣ меварзанд. Маҳз аз самари сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва бо шарофати Истиқлоли давлатӣ иди Сада аз нав эҳё гардид ва таҷлили ҳамасолаи он дар ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир мегардад. Қайд карда шуд, ки Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёнажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид. Инчунин таъкид гардид, ки ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Инчунин дар идомаи чорабинӣ Муродали Собир, шоир, нависанда, дорандаи ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва донишҷӯёни коллеҷ маърӯза намуда, зикр намуданд, ки Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад. Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Сипас, меҳмонон ва аҳли раёсати коллеҷ аз намоиш боздид намуданд. Ҳамзамон, дар доираи намоишгоҳ зумрае аз дастовардҳои илмию таълимии устодону донишҷӯёни коллеҷ низ пешниҳод гардида, таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба худ ҷалб намуд. дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо суруду тарона ва рақсҳои ҷолиб баромад намуданд.
https://www.facebook.com/share/p/17z2UHeuag/
https://www.facebook.com/photo/?fbid=33583629834618377&set=pcb.1281660807117509








