Бо камоли эҳтиром ва эҳсоси самимӣ фарорасии Соли нави мелодии 2026-ро ба ҳар яки Шумо табрик гуфта, бароятон тандурустии комил, рӯзгори обод, осоишу оромӣ, муваффақиятҳои пайдарпай ва комёбиҳои нав дар роҳи илмомӯзӣ, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурмаҳсул орзу менамоям. Соли 2025 барои Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осими давраи заҳмати пурмасъулият, таҷрибаандӯзӣ ва қадамҳои устувор дар роҳи рушд гардид. Дар ин давра коллективи меҳнатии коллеҷ бо ҳамбастагӣ ва иродаи қавӣ тавонист фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявиро дар асоси талаботи замон ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба ниёзҳои бозори меҳнат тадбирҳои мушаххас амалӣ намояд.
Дар соли сипаригардида ба рушди омӯзиши фанҳои техникӣ ва касбӣ, таҳкими малакаҳои амалӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва робитаи зич бо истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирок ва муваффақиятҳои донишҷӯён дар озмунҳо, олимпиадаҳо ва чорабиниҳои илмӣ-амалӣ гувоҳи равшани самараи заҳмати омӯзгорон ва ҷидду ҷаҳди худи донишҷӯён мебошад.
Ҳайати омӯзгорон ва кормандони коллеҷ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи ҷавонон саҳми арзанда гузошта, донишҷӯён бошанд, бо донишандӯзӣ, интизом ва фаъолият дар ҳаёти илмӣ ва ҷамъиятии муассиса обрӯ ва нуфузи коллеҷро баланд бардоштанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки соли 2026 барои Коллеҷи техникӣ марҳилаи нави рушд, татбиқи ташаббусҳои созанда ва идомаи корҳои бунёдӣ дар самти омодасозии кадрҳои соҳибкасб хоҳад гардид. Мо минбаъд низ бо такя ба таҷрибаи омӯзгорон, неруи ҷавонӣ ва ҳамкории созанда ба ҳадафҳои гузошташуда ноил мегардем.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ва оғози нусратбахши Соли нави мелодӣ умедворем, ки бо ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми фарҳангпарвару ободгари кишвари офтобиамон минбаъд низ зиндагии ҳар кадоми мо шоиставу пурсаодат ва бо шодиву сурур мегузарад.
Боварии комил дорам, ки Соли нави мелодии 2026-ум барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолияти давлатӣ, таҳкими давлатдории миллӣ, ваҳдат ва суботи ҷомеа, инчунин ободу зебо гардидани кишварамон нақши муассир мегузорад.
Бо ҳамин нияту орзуҳои нек, бори дигар фарорасии Соли нави мелодиро ба Шумо самимона табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, ризқи фаровон, рӯзгори пурнишот, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон сулҳу оромӣ ва ободиву пешрафт орзумандам.