Паёми Пешвои миллат барномаест, ки дар худ ҳама ҷанбаҳои рушди сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро фаро гирифтааст. Паёми имсола бо назардошти тамоюлоти рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва дидгоҳу мавқеи Тоҷикистон дар ин раванд ва барррасии амиқу васеи самтҳои асосии калидии рушди кишвар аз ҷониби Пешвои муаззами миллат ироа гардид, ки барои кулли мардуми кишвар ва мо аҳли илму маориф чароғи роҳнамо ва консепсияи мукаммали донишҳои амиқу устувор вобаста ба рушди кишвар маҳсуб меёбад.
Боиси ифтихор аст, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити нави рушди устувори кишвар ва марҳалаи вусъати созандагиву бунёдкорӣ ва ҳамқадам будан бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пешниҳод гардид. Воқеан, тамоми муваффақиятҳои мо дар ҳама самтҳо аз дастовардҳо ва пешравӣ дар соҳаи иқтисодӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.
Чуноне ки Пешвои миллат дар Паёми имсола қайд намуданд: «Барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 670 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 159 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ равона гардид».
Дар ин давра маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд. Аз ин рӯ, ин рақамҳо баёнгари он мебошанд, ки сарфи назар аз тамоми мушкилоте, ки солҳои охир мо бо он рӯ ба рӯ шуда истодаем, яъне хушксолӣ ва таҳримҳои иқтисодӣ, ки кишварҳои Аврупоӣ ва Америка нисбат ба яке аз шарикҳои асосии стратегии мо Федератсияи Россия ҷорӣ намудаанд, мо тавонистем рушди иқтисодии мамлакатро дар сатҳи 8,4% таъмин намоем.
Агар ба таври амиқ аз дидгоҳи таҳлил ва арзёбии ҷанбаҳои иқтисодӣ назар афканем, дар Паёми Пешвои миллат рушди соҳаи иқтисод ва бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ҳамчун масъалаҳои калидӣ маҳсуб меёбанд. Зеро дар сурати бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ аҳолӣ ба ҷойи кор ва маоши хуб ва маҳсулоти ватанӣ таъмин мешавад ва ин иқдом ба чанд љанбаи дигар иқтисод таъсиргузор хоҳад шуд. Яъне пешравии иқтисодӣ ин таъмини аҳолӣ ба ҷойи кор, маоши хуб, маҳсулоти ватанӣ, кам шудани воридот, ғанӣ гаштани бозори дохилӣ, пайдо шудани анвои хидматрасонињои љадид, кам шудани муҳоҷирати меҳнатӣ ва аз ин тариқ ҷамбастагии хонаводаҳо солимии руҳу равони миллат оварда мерасонад.
Вобаста ба иқтисоди миллӣ зимни ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026 – 2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 қабул гардид, ки амалисозии саривақтӣ ва сифатноки он имкон медиҳад, ки дар панҷ соли оянда ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш ёфта, сатҳи камбизоатӣ то 10 фоиз кам ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ то 50 фоиз зиёд гардад. Дар ин давра рушди иқтисодӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 8,7 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулот дар соҳаҳои саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 ва ҳаҷми хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш меёбад».
Албатта, дар марҳилаи муосири рушди кишвар устувор намудани заминаҳои иқтисодиву иҷтимоии татбиқи сиёсати иҷтимоӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва некуаҳволии мардум дар мадди аввал қарор мегирад. Зеро сиёсати иҷтимоӣ яке аз самтҳои муҳими танзими давлатии иқтисодиёт буда, ҳамчун ҷузъи асосӣ ва бунёдии сиёсати дохилии давлат ба таъмини некуаҳволӣ ва рушди ҳамаҷонибаи шаҳрвандон ва дар маҷмуъ, ҷомеа нигаронида шудааст.
Ҳамин тавр, мақоми шоистаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ маҳз маҳсули мактаби донишҳои устувору гаронмояи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз як тараф, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ, сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ҷиҳати ҳифзи асолат ва арзишҳои миллӣ ҳамчун омили калидии пойдории давлатдорӣ хизмат намуда, роҳи муаррифии тамаддуни тоҷиконро дар арсаи олам вориди марҳалаи сифатан нав намуд.
Аз дигар ҷиҳат, таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Тоҷикистон на танҳо ҷойгоҳи сиёсии худро дар ҷаҳон мустаҳкам кард, балки ҳамчун як маркази фарҳангӣ низ дар миқёси минтақа ва ҷаҳон эътироф гардид. Аз ин лиҳоз, иқдомҳои созандаву бузурги ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар рушди иқтисоди миллӣ, самти худшиносӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ заминаи воқеии муаррифии кишварро дар арсаи байналмилалӣ фароҳам оварда, роҳи моро ба сӯи ояндаи дурахшон равшан месозанд.